Қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар назди Тоҷикистон ба 33 миллион доллар расид

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Ширкати "Бришно"-и Афғонистон, ки бар барқрасонӣ машғул аст, аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллар қарздор будааст
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ширкати "Бришно" ваъда додааст, дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ӯ, ширкати барқрасони Афғонистон ба Тоҷикистон дар моҳи январ 2 млн қарзашро пардохт кардааст.

“Масъулини ин ширкат ахиран зимни як гуфтугӯ ваъда додаанд, ки то охири ҳафта ба ҳисоби Тоҷикистон боз 2 млн доллари дигари қарзро ворид мекунанд ва давоми моҳи феврал “Брешно” пурра қарзашро ба Тоҷикистон бармегардонад", - гуфт Маҳмадумар Асозода.

Ҳамзамон раиси ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки сабаби кам пардохт шудани қарз ба хотири мушкилот дар амалиётҳои бонкии Афғонистон мебошад.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Мақомот: Барқи тавлидкардаи Тоҷикистон танҳо ба ду кишвар содир шудааст
“Бонкҳои Афғонистон ба ширкати "Брешно" барои пардохти маблағҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд. Тибқи ин маҳдудиятҳо, ширкати барқрасони Афғонистон иҷозат дорад, дар як ҳафта ҳамагӣ 2 млн доллари қарзҳояшро пардохт кунад. Ҳамин тавр навбати Тоҷикистон кай мерасад, аз бонкҳои Афғонистон вобаста аст",- гуфт раиси "Барқи тоҷик".
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.
"Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт-соат, ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт-соат, ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содир шуд", - гуфт ин мақомдори тоҷик.
Содироти нерӯи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Афғонистон 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт-соат, ба Ӯзбекистон 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт-соат нерӯи барқро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0