https://sputnik.tj/20220826/omodagii-tojikiston-kumak-afghoniston-1050971172.html
Омодагии Тоҷикистон барои кумак ба Афғонистон
Омодагии Тоҷикистон барои кумак ба Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндаи СММ идомаи расонидани кeмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурд
2022-08-26T19:20+0500
2022-08-26T19:20+0500
2022-08-26T20:11+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
смм
кӯмаки башардӯстона
кӯмак
ҷомеаи ҷаҳонӣ
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050971014_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_9a228611f1e5a61d66c98a4bcb0ca14e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон омодааст, имкониятҳои логистикиашро барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор диҳад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар дидор бо раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид.Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, зимни баррасии вазъи Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар ҷонибдорӣ кардааст.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.“Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид”,- зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз нақши муассири СММ дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот таъкид намуданд.
https://sputnik.tj/20211129/hushdor-rahmon-gurusnagi-afghoniston-1043821454.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1a/1050971014_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_b0016949c46572c7529004b41aa72c3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, смм, омода, кумак, афғонистон. башардӯстона, мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ
тоҷикистон, смм, омода, кумак, афғонистон. башардӯстона, мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ
Омодагии Тоҷикистон барои кумак ба Афғонистон
19:20 26.08.2022 (Навсозишуда: 20:11 26.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо намояндаи СММ идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳониро зарур шумурд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон омодааст, имкониятҳои логистикиашро барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қарор диҳад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар дидор бо раиси иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шоҳид.
Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, зимни баррасии вазъи Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории васеъ ва амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла барои идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар ҷонибдорӣ кардааст.
“Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои логистикиаш барои расонидани чунин кумак ба мардуми Афғонистон таъкид намуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар мулоқот ҷонибҳо дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.
“Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид”,- зикр кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар самти мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамкории муштараки кишварҳои аъзои Созмонро зарур донистанд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз нақши муассири СММ дар умури байналмилалӣ, бахусус таъмини рушди устувор ва истиқрори сулҳу субот таъкид намуданд.