https://sputnik.tj/20220826/khotir-amniyat-mahdudiyat-parvoz-rusiya-1050958467.html
Парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба 11 фурудгоҳи Русия мамнуъ боқӣ мемонад
Парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба 11 фурудгоҳи Русия мамнуъ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудиятҳо дар қабулу гусели ҳавопаймоҳои мулкӣ дар ҷанубу маркази Русия ним соли қабл дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардиданд
2022-08-26T11:55+0500
2022-08-26T11:55+0500
2022-08-26T16:33+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
фурудгоҳ
маҳдудият
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0d/1049964859_0:160:3046:1873_1920x0_80_0_0_122a6def910ceb2af40a83ef2b5c54c7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 4 сентябр тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия"."Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 4 сентябр амал мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли "Росавиатсия".Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд."Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали солил равон амал мекунад. Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220622/shumora-parvoz-tojikiston-turkiya-1049422890.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/0d/1049964859_169:0:2878:2032_1920x0_80_0_0_5f7470ca9ca12ab2df88355239132d7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамдид, маҳдудият, парвоз, мулкӣ, фурудгоҳ, русия
тамдид, маҳдудият, парвоз, мулкӣ, фурудгоҳ, русия
Парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба 11 фурудгоҳи Русия мамнуъ боқӣ мемонад
11:55 26.08.2022 (Навсозишуда: 16:33 26.08.2022) Маҳдудиятҳо дар қабулу гусели ҳавопаймоҳои мулкӣ дар ҷанубу маркази Русия ним соли қабл дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Маҳдудияти парвозҳо ба бархе аз фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 4 сентябр тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 4 сентябр амал мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли "Росавиатсия".
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия аз 24 феврали солил равон амал мекунад.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.