Ҷазои довари тоҷик барои нақзи меъёрҳои ҳакамӣ дар бозӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Даст задани довар ба задухӯрд бо бозингар зимни сабқати дастаҳои КМВА ва "Истаравшан" дар Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сафаралӣ Маҳмадизода аз ҳаққи доварӣ барои панҷ давр дар ҳамаи бозиҳои ташкилнамудаи Федератсияи футболи Тоҷкистон маҳрум шуд.
Дар ин бора Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар пайии таҳлили кори Маҳмадизода ба ҳайси довари марказии бозӣ байни дастаҳои КМВА ва "Истаравшан" қарор кардаст. Маврид ба зикр аст, ки ин бозӣ дар доираи Суперлигаи Тоҷикистон дар риштаи футзал баргузор шуда, ба ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими аввал анҷомид.
Ба иттилои ФФТ, муайян шудааст, ки дар анҷоми вохӯрии тимҳои КМВА – "Истаравшан" довари марказӣ Сафаралӣ Маҳмадизода бо бозигари тими пойтахт Акмал Алиназаров занозанӣ кардааст.
Кумитаи доварон ин рафтори Маҳмадизодаро Кодекси интизомии доварон – "вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди ҳакамӣ" унвон карда, аз ҳуқуқи доварии ҳамаи бозиҳои ташкилнамудаи ФФТ ба муҳлати 5 давр маҳрум намуд.
Юношеская сборная Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Шикаст аз Эрон: анҷоми бозии дуюми наврасони тоҷик дар Тошканд
Дар ҷаласаи Кумитаи доварон ҳамчунин шикояти бошгоҳи футболи "Хатлон" дар мавриди доварӣ дар бозии даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2022 бо тими "Истиқлол" баррасӣ шуд.
Муайян шудаст, ки даъвоҳои дастаи "Хатлон" беасосанд ва гол ба дарвозаи дастаи "Хатлон" дар дақиқаи 29-ум дуруст зада шудааст.
Инчунин мушаххас шудааст, ки дар дақиқаи 9-уми ин бозӣ, довари марказӣ Абдулло Давлатов иштибоҳан бозигари тими "Хатлон" Жан Гатен НД-ро барои зарба ба пои ҳимоятгари "Истиқлол" аз майдон берун накардааст.
ФФТ таъкид намуд, ки дар мавриди ҳамаи шикоятҳо посухи катбии расмӣ ироа шудаст.
Лентаи хабарҳо
0