https://sputnik.tj/20220826/cel-sokinon-rushon-1050958982.html
Cел сокинон дар Рӯшонро мактабнишин кард: Хисорот ҳисоб мешавад
Cел сокинон дар Рӯшонро мактабнишин кард: Хисорот ҳисоб мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дошта, хисоротро мақомоти дахлдор ҳисоб мекунанд
2022-08-26T13:05+0500
2022-08-26T13:05+0500
2022-08-26T16:35+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сел
хисорот
фаъолият
табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:75:800:525_1920x0_80_0_0_4c3ebcebcad2a6033beac6fa71561bce.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Борони шадид боиси селхезӣ дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон шудааст, хабар дод Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ВМКБ. "Сел дар як замон ҷараёни об дар канали Нерӯгоҳи барқи обии деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр баст. Оби беруншуда аз канал вориди 2 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ гардид", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонии одамон 68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба бинои мактаби миёнаи №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.КҲФ афзуд, ки барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад Экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома доранд.Тавзеҳ дода шуд, ки дар ҳоли ҳозир таҳдид ба 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ кӯчонида шуда буданд, бартараф гардида, сокинон ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад, илова намуд КҲФ. Маврид ба зикр аст, ки КҲФ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон, иттилоъ дода буд, ки хисороти офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 15 млн сомониро ташкил дода, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
https://sputnik.tj/20220810/khatlon-nafar-ofatho-tabii-tekhnogeni-jon-bokhtand-1050619475.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049189166_0:0:800:600_1920x0_80_0_0_bf191040b875dbdebfd70cd7d3035068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, харобиовар, рӯшон, шуҷанд
сел, харобиовар, рӯшон, шуҷанд
Cел сокинон дар Рӯшонро мактабнишин кард: Хисорот ҳисоб мешавад
13:05 26.08.2022 (Навсозишуда: 16:35 26.08.2022) Корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон идома дошта, хисоротро мақомоти дахлдор ҳисоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Борони шадид боиси селхезӣ дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон шудааст, хабар дод Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ВМКБ.
"Сел дар як замон ҷараёни об дар канали Нерӯгоҳи барқи обии деҳаи Шуҷандро ба дарозии 100 метр баст. Оби беруншуда аз канал вориди 2 хонаи истиқоматӣ, иншооти ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки бо мақсади роҳ надодан ба талафоти ҷонии одамон 68 хоҷагӣ бо шумораи 143 нафар ба бинои мактаби миёнаи №10 ва хонаҳои хешу таборонаш ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд.
КҲФ афзуд, ки барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ аз тарафи муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Рӯшон 3 адад техникаи муҳандисӣ, 2 адад боркунаки фронталӣ ва 1 адад Экскватор ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, корҳои бартарафсозӣ идома доранд.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар ҳоли ҳозир таҳдид ба 68 хоҷагие, ки бар асари хавфи офатҳои табиӣ кӯчонида шуда буданд, бартараф гардида, сокинон ба хонаҳои истиқоматии худ баргаштанд.
Дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият намуда, зарари аз офати табиӣ расидаро муайян мекунад, илова намуд КҲФ.
Маврид ба зикр аст, ки КҲФ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон, иттилоъ дода буд, ки хисороти офатҳои табиӣ ба хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 15 млн сомониро ташкил дода, 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.