Боздошти ҷавонзане дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фарзандфурӯшӣ - видео

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзане дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар фурзандфурӯшӣ муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Боздоштшуда ҷавонзани 27-солаи сокини ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан будааст, ки мехостааст, писари дусолаашро бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯшад, иттилоъ додааст ВКД Тоҷикистон.
Кормандони пулис, ки қазияро пайгирӣ доштанд, ҷавонзанро баъд аз “харидор”- сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов гирифтани 10 ҳазор сомонӣ, дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ин ҷавонзан аз шавҳараш ҷудо шудааст ва саробонии се фарзандро ба зимма дорад ва писаре, ки мехост, фурӯшад, фарзанди хурдӣ дар оила будааст.
Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои ВКД, аз рӯи ҳодиса бо моддаи 167 кодекси ҷиноятӣ ҶТ нисбати ин ҷавонзан па рвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон ахиран хабар одааст, ки ҳолатҳои бақайдгирии ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон тайи 7 моҳи аввали соли равон коҳиш ёфтааст. Истисно танҳо шаҳри Душанбе ва ВМКБ мебошанд.
Ба иттилои ожонсии омори Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-июл дар Тоҷикистон 13,6 ҳазор ҷиноят сабт шудааст.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздики 11% камтар аст. Дар ин миён танҳо шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истисноанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар он ҷо афзоиш ёфтааст.
Сотрудники милиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Сабти ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Аз ҷумла Ожонси омор афзоиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ-ро 29,2% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 арзёбӣ кардааст.
Дар феҳрасти ҷинояти камшуда аз ҷумла куштору дуздӣ мебошанд. Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба куштор 28,8%, таҷовуз ба номус 18,5%, ғоратгарӣ 8,4%, дуздӣ 19,4% кам шудаст.
Аммо ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 9,5%, савдои одамон 22,2% ва ғоратгарӣ 9,1% зиёд шудааст, афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0