https://sputnik.tj/20220826/barrasi-durnamo-hamkori-tojikiston-rusiya-1050955955.html
Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия: аз дархости бурсияи бештар то сармоя
Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия: аз дархости бурсияи бештар то сармоя
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо губернатори Свердловск таҳким ҳамкориҳоро баррасӣ кардаст, ки аз таҳсил то тиҷорату муҳоҷиратро фаро мегиранд
2022-08-26T10:10+0500
2022-08-26T10:10+0500
2023-02-08T19:44+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
свердловск
иқтисод
сармоя
губернатор
сафир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/57/1024375738_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_27ac5f495a54e327db7aadb6d3bfdcb6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Свердловск баён дошта, хостори сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар шудааст. Ин нукта дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар шаҳри Екатеринбург баррасӣ гардидаст. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Гулмаҳмадзода ва Куйвашев дар бораи вазъи кунунии равобити минтақаҳои ҶТ бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф ва дурнамои ҳамкориитиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ арзёбӣ шуданд. Дар мавриди омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск ҳавасмандияшро баён доштаст. Дипломати тоҷик инчунин аз имкониятҳои истифоданашуда дар бахши иқтисодӣ зикр карда, таҳкими ҳамкорӣ дар риштаи тиҷорату сармоягузориро муҳим хондаст. Ҷонибҳо аз ҷумла содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ-ро ба миён гузоштаанд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан аз созиш барои афзоиши маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба вилояти Свердловск хабар дода шуда буд.
https://sputnik.tj/20220823/mahsulot-tojiki-bozori-rusiya-beshtar-1050882379.html
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/57/1024375738_66:0:1773:1280_1920x0_80_0_0_77ea0ecba8fff4cd708c647954cc1b87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, дурнамо, ҳамкориҳо, тоҷикистон, русия
баррасӣ, дурнамо, ҳамкориҳо, тоҷикистон, русия
Баҳси дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия: аз дархости бурсияи бештар то сармоя
10:10 26.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Сафири Тоҷикистон дар Русия бо губернатори Свердловск масъалаи таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ кардаст, ки аз таҳсил то тиҷорату муҳоҷиратро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Свердловск баён дошта, хостори сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар шудааст.
Ин нукта дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев дар шаҳри Екатеринбург баррасӣ гардидаст.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Гулмаҳмадзода ва Куйвашев дар бораи вазъи кунунии равобити минтақаҳои ҶТ бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф ва дурнамои ҳамкориитиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ арзёбӣ шуданд.
Дар мавриди омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск ҳавасмандияшро баён доштаст.
Дипломати тоҷик инчунин аз имкониятҳои истифоданашуда дар бахши иқтисодӣ зикр карда, таҳкими ҳамкорӣ дар риштаи тиҷорату сармоягузориро муҳим хондаст.
Ҷонибҳо аз ҷумла содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ-ро ба миён гузоштаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан аз созиш барои афзоиши маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла меваю сабзавот ба вилояти Свердловск хабар дода шуда буд.