https://sputnik.tj/20220825/omuzgor-tojik-medal-shogirdashon-mukofot-1050946745.html
Омӯзгорони тоҷик барои ҳар як медали шогирдашон мукофот мегиранд
Омӯзгорони тоҷик барои ҳар як медали шогирдашон мукофот мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар яке аз навоҳии вилояти Суғд омӯзгорон барои ҳар як медали гирифтаи шогирдонашон дар олимпиадаҳо бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд
2022-08-25T19:30+0500
2022-08-25T19:30+0500
2022-08-25T19:43+0500
дар тоҷикистон
маориф
ашт
медал
мукофотпулӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102684/58/1026845854_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_b5864de9121c80fd0774efc966394e1a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбарияти ноҳияи Ашт тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони маҳаллиро барои ҳар як медали шогирдонашон мукофот диҳад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ноҳия. Ба гуфтаи раиси ноҳияи мазкур Шӯҳрат Муҳаммадзода, барои ин маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад. Ҳамин тариқ омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои гуногун ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, мукофот мегиранд. Дар баробари ин раиси ноҳия гуфт, муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд, низ метавонанд кумаки якдафъаина дарёфт кунанд. Роҳбарият ӯҳдадор шуд, ки ба директорон ва масъулони мактабҳое, ки дар онҳо биноҳои нав бо иштироки соҳибкорону хайрхоҳон сохта мешаванд, пардохти маблағро ташкил намояд. Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Ашт се мактаб — рақамҳои 36, 65 ва 7 сохта шуда, ҳамзамон зиёда аз 40 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои гуногун ба истифода дода шуд.
https://sputnik.tj/20220825/maktabi-muosiri-rusi-khujand-tolibilmon-aks-1050928615.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102684/58/1026845854_47:0:1864:1363_1920x0_80_0_0_e012c50d61ab1b02683850a5d47d79f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омӯзгорон тоҷик медал шогирд мукофот
омӯзгорон тоҷик медал шогирд мукофот
Омӯзгорони тоҷик барои ҳар як медали шогирдашон мукофот мегиранд
19:30 25.08.2022 (Навсозишуда: 19:43 25.08.2022) Дар яке аз навоҳии вилояти Суғд омӯзгорон барои ҳар як медали гирифтаи шогирдонашон дар олимпиадаҳо бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбарияти ноҳияи Ашт тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони маҳаллиро барои ҳар як медали шогирдонашон мукофот диҳад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ноҳия.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи мазкур Шӯҳрат Муҳаммадзода, барои ин маблағҳои махсус ҷудо карда мешавад.
Ҳамин тариқ омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои гуногун ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, мукофот мегиранд.
"Омӯзгоре, ки шогирдаш барандаи медали тиллои олимпиада мешавад, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барои ҷои дуюм - медали нуқра, омӯзгор 5 ҳазор сомонӣ, барои медали биринҷии шогир - 3 ҳазор сомонӣ ба устодаш дода мешавад", - афзудааст, манбаъ.
Дар баробари ин раиси ноҳия гуфт, муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта мешаванд, низ метавонанд кумаки якдафъаина дарёфт кунанд.
Роҳбарият ӯҳдадор шуд, ки ба директорон ва масъулони мактабҳое, ки дар онҳо биноҳои нав бо иштироки соҳибкорону хайрхоҳон сохта мешаванд, пардохти маблағро ташкил намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Ашт се мактаб — рақамҳои 36, 65 ва 7 сохта шуда, ҳамзамон зиёда аз 40 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои гуногун ба истифода дода шуд.