https://sputnik.tj/20220825/maktabi-muosiri-rusi-khujand-tolibilmon-aks-1050928615.html
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд 1 сентябр дари худро ба рӯи толибилмон боз мекунад - акс
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд 1 сентябр дари худро ба рӯи толибилмон боз мекунад - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмонии мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки як сол ба ин тараф аз ҷониби Русия идома дорад ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст
2022-08-25T10:45+0500
2022-08-25T10:45+0500
2022-08-25T15:43+0500
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
мактаби русӣ
хуҷанд
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050928125_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bb279d7d789aec3f3b3d595486065ef8.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар зарфи наздик ба як сол сохтмончиён барои ба иҷро расонидани бахши умдаи корҳои сохтмонӣ муваффақ шудаанд, гуфт Масъуд Ҳасанов, яке аз масъулони ширкати “Нуроб” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. Ӯ зикр намуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ду баст дар мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд ҷараён дошта дар назар аст то чанд рӯзи дигар он пурра ниҳоӣ хоҳад шуд.Корҳои сохтмонии мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки аз ҷониби кишвари Русия роҳандозӣ шудааст, ширкати сохтмонии “Нуроб” ба уҳда дорад.Бино ба гуфти сохтмончиҳо ин мактаб аз чаҳор блок ва се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш мавҷуд мебошад. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша гирифта шудааст.Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди ин мактаб як соли пеш аз ҳудуди маҳаллаи 8 уми шаҳр чанд наздик ба 3 га замин ҷудо намуда буд.Дар ҳамин ҳол Мубина Хоҷаева, директори мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло барои дохил шудани хонандагон ба ин мактаб, имтиҳони қабул ҷараён дорад.Таҳсил дар ин мактаби навсохт пурра бо забонӣ русӣ сурат мегирад. Барои таълими хонандагон дар ин мактаб ба ҳисоби омӯзгорон аз Русия мутахассисони маҳаллӣ низ ҷалб карда мешаванд.Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд яке аз панҷ мактабе аст, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб Турсунзода сохта шудааст.Ҳар кадом чунин мактабҳо товони қабули беш аз 1200 хонандаро доранд.Чанде пеш Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия гуфта буд, ки ин кишвар барои сохтмони чунин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050928125_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_f57ded7d827ec10f7b1b13d9813d13cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мактаби русӣ, хуҷанд, дар, боз, ифтитоҳ, сохтмон
тоҷикистон, мактаби русӣ, хуҷанд, дар, боз, ифтитоҳ, сохтмон
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд 1 сентябр дари худро ба рӯи толибилмон боз мекунад - акс
10:45 25.08.2022 (Навсозишуда: 15:43 25.08.2022) Эксклюзив
Сохтмонии мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки як сол ба ин тараф аз ҷониби Русия идома дорад, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Дар зарфи наздик ба як сол сохтмончиён барои ба иҷро расонидани бахши умдаи корҳои сохтмонӣ муваффақ шудаанд, гуфт Масъуд Ҳасанов, яке аз масъулони ширкати “Нуроб” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ зикр намуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ду баст дар мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд ҷараён дошта дар назар аст то чанд рӯзи дигар он пурра ниҳоӣ хоҳад шуд.
“Ҳоло беш аз 400 бинокору сохтмончиҳо шабурӯз кор карда истодаанд ва талоши ҳамаи мо ин аст, ки дар вақти пешбинишуда корҳои сохтмонии мактабро то рӯзи аввали сони хониш бо сифати баланд ба анҷом расонем” - афзуд, Ҳасанов.
Корҳои сохтмонии мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд, ки аз ҷониби кишвари Русия роҳандозӣ шудааст, ширкати сохтмонии “Нуроб” ба уҳда дорад.
Бино ба гуфти сохтмончиҳо ин мактаб аз чаҳор блок ва се ошёна иборат буда, дар канори он майдони футбол, волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш мавҷуд мебошад. Дар дохили мактаб бунёди толори зимистонаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои бунёди ин мактаб як соли пеш аз ҳудуди маҳаллаи 8 уми шаҳр чанд наздик ба 3 га замин ҷудо намуда буд.
Дар ҳамин ҳол Мубина Хоҷаева, директори мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло барои дохил шудани хонандагон ба ин мактаб, имтиҳони қабул ҷараён дорад.
Таҳсил дар ин мактаби навсохт пурра бо забонӣ русӣ сурат мегирад. Барои таълими хонандагон дар ин мактаб ба ҳисоби омӯзгорон аз Русия мутахассисони маҳаллӣ низ ҷалб карда мешаванд.
Мактаби муосири русӣ дар Хуҷанд яке аз панҷ мактабе аст, ки аз ҷониби Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб Турсунзода сохта шудааст.
Ҳар кадом чунин мактабҳо товони қабули беш аз 1200 хонандаро доранд.
Чанде пеш Алексей Оверчук, муовини сарвазири Федератсияи Русия гуфта буд, ки ин кишвар барои сохтмони чунин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.