Наздик ба 800 ҳазор долларро гирифту ғайб зад: таҳқиқи ҳолати қаллобӣ аз сӯйи пулис

© AFP 2023 / LEON NEALАкция протеста у Лондонской фондовой биржи
Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ содир гардидани ду ҳолати қаллобӣ бо маблағи махсусан калонро таҳқиқ мекунад
ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ахирна ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта аст.
Шикоятбурда гуфтааст, ки ин марди 30-сола ба ӯ ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол вадаашро иҷро накардааст.
Ӽамзамон кормандони милитсияи Тоҷикистон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Истирдоди 55 гумонбар дар ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд.
ВКД хабар додааст, ки шахси боздоштшуда маблағӽои гирифтаро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0