https://sputnik.tj/20220825/vada-prezident-simoi-shahr-navohi-tojikiston-1050944182.html
Таҳияи садҳо ҳазор ҷойи кору тағйири симои шаҳру навоҳӣ: ифшои нақшаи панҷсолаи Тоҷикистон
Таҳияи садҳо ҳазор ҷойи кору тағйири симои шаҳру навоҳӣ: ифшои нақшаи панҷсолаи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ки Тоҷикистон тайи чаҳор соли оянда шоҳиди тағйироти бузурги ободониву созандагӣ дар саросари қаламраваш бошад 25.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-25T17:30+0500
2022-08-25T17:30+0500
2022-08-25T17:31+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
рӯзи истиқлолият
ҷойи кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/11/1029151194_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_e9c705d5fd95271b6af08d5f8fa122cd.jpg
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Симои шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо бунёди ҳазорон иншооти нави иҷтимоӣ ва саноатӣ то 35-умин солгарди истиқлоли кишвар дигар хоҳад шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон 25 август, дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба истиболи Рӯзи истиқлолият изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.Ба гуфти раисҷумҳур то 30-юмин солгарди истиқлолият дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.Ӯ соли 2022-ро дар таърихи Тоҷикистони як соли бобарор хонда гуфт, ки бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки президент дар паёми ахираш ба парлумони кишвар солҳои 2022-2026-ро дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон дастур дода буд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.Ҳамзамон ӯ гуфт, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.Раисиҷумҳур гуфт, аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафра мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.
https://sputnik.tj/20220805/bunyod-korkhonai-sanoati-khatlon-1050503492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102915/11/1029151194_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_94c7088b78651a6e4e811c0d7892d7b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, рӯзи истиқлолият, ҷойи кор
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, рӯзи истиқлолият, ҷойи кор
Таҳияи садҳо ҳазор ҷойи кору тағйири симои шаҳру навоҳӣ: ифшои нақшаи панҷсолаи Тоҷикистон
17:30 25.08.2022 (Навсозишуда: 17:31 25.08.2022) Интизор меравад, ки Тоҷикистон тайи чаҳор соли оянда шоҳиди тағйироти бузурги ободониву созандагӣ дар саросари қаламраваш бошад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Симои шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо бунёди ҳазорон иншооти нави иҷтимоӣ ва саноатӣ то 35-умин солгарди истиқлоли кишвар дигар хоҳад шуд.
Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон 25 август, дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба истиболи Рӯзи истиқлолият изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
"Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки то ин ҷашни бузург боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад", - гуфта мешавад дар гузориш.
Ба гуфти раисҷумҳур то 30-юмин солгарди истиқлолият дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.
Ӯ соли 2022-ро дар таърихи Тоҷикистони як соли бобарор хонда гуфт, ки бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки президент дар паёми ахираш ба парлумони кишвар солҳои 2022-2026-ро дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад.
Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон дастур дода буд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.
Ҳамзамон ӯ гуфт, даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.
Раисиҷумҳур гуфт, аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафра мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.