https://sputnik.tj/20220824/vaziron-qurboniyon-jang-vatani-1050903164.html
Ёди вазирони дифои СҲШ аз қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ёди вазирони дифои СҲШ аз қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд аз маросими гулчанбаргузорӣ ва боздид аз осорхона оғоз гардид 24.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-24T13:00+0500
2022-08-24T13:00+0500
2022-08-24T13:05+0500
созмони ҳамкории шанхай
гул
ёдгорӣ
пайкара
ҷбв
амният ва мудофиа
шурои вазирони дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102561/49/1025614938_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_9aba1117b2c8c3b991ec19a9dae7f7e7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои узви СҲШ дар назди пайкараи "Достони матонат" дар Тошканд гул гузошт. Вазирони дифои кишварҳои СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон ёди қурбониён дар ҶБВ-ро пос доштанд. Инчунин вазирон аз осорхонаи "Шараф" боздид намуда, бо саҳми ӯзбекистониҳо дар пирӯзӣ бар фашизм шинос шуданд. Пайкараи "Достони матонат", ки вазирон он ҷо гул гузоштанд, ба хотири қурбониён дар ҶБВ сохта шудааст. Ин маҷмааи ёдгорӣ ба хотири Зулфия Зокирова бунёд карда шудааст. Ин модари ӯзбекистонӣ дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ панҷ фарзандашро аз даст дод. Ҳамчунин ба келинҳои хонадон ва ятимони оилаашон бахшида шудаст. Таъкид шудаст, ки "Достони матонат" дар симои як оила ҳамаи модарону занонеро фаро мегирад, ки дар ҷанг фарзанд, шавҳар ва наздиконашонро аз даст додаанд. Маврид ба зикр аст, ки солҳои ҶБВ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба дифоъ аз ватани онрӯзаашон ба ҷабҳа фиристода шуданд, ки теъдоди зиёди онҳо барнагаштанд.
https://sputnik.tj/20220824/pos-khotir-qurboniyon-jbv-vazironi-mudofia-1050903524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102561/49/1025614938_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_cbe44075fd848f98437411030dcce91c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созмони ҳамкории шанхай, гул, ёдгорӣ, пайкара, ҷбв, амният ва мудофиа, шурои вазирони дифоъ
созмони ҳамкории шанхай, гул, ёдгорӣ, пайкара, ҷбв, амният ва мудофиа, шурои вазирони дифоъ
Ёди вазирони дифои СҲШ аз қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
13:00 24.08.2022 (Навсозишуда: 13:05 24.08.2022) Ҳамоиши вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд аз маросими гулчанбаргузорӣ ва боздид аз осорхона оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои узви СҲШ дар назди пайкараи "Достони матонат" дар Тошканд гул гузошт.
Вазирони дифои кишварҳои СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон ёди қурбониён дар ҶБВ-ро пос доштанд.
Инчунин вазирон аз осорхонаи "Шараф" боздид намуда, бо саҳми ӯзбекистониҳо дар пирӯзӣ бар фашизм шинос шуданд.
Пайкараи "Достони матонат", ки вазирон он ҷо гул гузоштанд, ба хотири қурбониён дар ҶБВ сохта шудааст.
Ин маҷмааи ёдгорӣ ба хотири Зулфия Зокирова бунёд карда шудааст. Ин модари ӯзбекистонӣ дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ панҷ фарзандашро аз даст дод. Ҳамчунин ба келинҳои хонадон ва ятимони оилаашон бахшида шудаст.
Таъкид шудаст, ки "Достони матонат" дар симои як оила ҳамаи модарону занонеро фаро мегирад, ки дар ҷанг фарзанд, шавҳар ва наздиконашонро аз даст додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои ҶБВ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба дифоъ аз ватани онрӯзаашон ба ҷабҳа фиристода шуданд, ки теъдоди зиёди онҳо барнагаштанд.