https://sputnik.tj/20220824/pos-khotir-qurboniyon-jbv-vazironi-mudofia-1050903524.html
Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Тошканд: аз баҳси масъалаи Афғонистон то Украина
Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Тошканд: аз баҳси масъалаи Афғонистон то Украина
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоён аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай масоили амниятӣ, аз ҷумла марбути Афғонистону Украинаро баррасӣ мекунад
2022-08-24T12:25+0500
2022-08-24T12:25+0500
2022-08-24T13:43+0500
сҳш
амният ва мудофиа
созмон
ҳамкорӣ
шералӣ мирзо
сергей шойгу
тошканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050902981_0:108:2560:1548_1920x0_80_0_0_8993165436968c21da2e1f3244b23b2e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тошканд ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид. Дар ин бора бо нашри аксҳо Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон иштирок доранд. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок дорад, интизор меравад, дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамкориҳоро баррасӣ намояд. Дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи СҲШ инчунин баррасии таҳдиду чолишҳои муосир дар минтақа дар нақша аст. Масоили марбути вазъият дар Афғонистон ва Украина аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ мешаванд. Ин мулоқоти вазирони бахшҳои гуногун дар ҳоле сурат мегиранд, ки нимаи моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанд роҳбарони кишварҳои узви СҲШ мулоқот хоҳанд дошт. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин ҳамоиш қабули 28 санади байналмилалӣ дар назар аст.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220821/shoygu-inzivo-rusiya-tatbiqnashavanda-1050848659.html
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050902981_281:0:2345:1548_1920x0_80_0_0_42c30cd9baee1a43f4bc413f0aaad25a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, вазирон, дифоъ, тошканд
ҳамоиш, вазирон, дифоъ, тошканд
Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Тошканд: аз баҳси масъалаи Афғонистон то Украина
12:25 24.08.2022 (Навсозишуда: 13:43 24.08.2022) Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай масоили амниятӣ, аз ҷумла марбути Афғонистону Украинаро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тошканд ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид.
Дар ин бора бо нашри аксҳо Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон иштирок доранд.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок дорад, интизор меравад, дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамкориҳоро баррасӣ намояд.
Дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи СҲШ инчунин баррасии таҳдиду чолишҳои муосир дар минтақа дар нақша аст. Масоили марбути вазъият дар Афғонистон ва Украина аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ мешаванд.
Ин мулоқоти вазирони бахшҳои гуногун дар ҳоле сурат мегиранд, ки нимаи моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанд роҳбарони кишварҳои узви СҲШ мулоқот хоҳанд дошт.
Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин ҳамоиш қабули 28 санади байналмилалӣ дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.