https://sputnik.tj/20220824/selob-tojikiston-kushta-takhrib-manzili-maskuni-1050908067.html
Селобҳои ахир дар Афғонистон: 200 кушта ва тахриби 18 ҳазор манзили маскунӣ
Селобҳои ахир дар Афғонистон: 200 кушта ва тахриби 18 ҳазор манзили маскунӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи боришоти шадиди борон ва ҷори шудани селоб дар Афғонистон садҳо нафар куштаву наздик ба 20 ҳазор хона тахриб шуда аст
2022-08-24T15:30+0500
2022-08-24T15:30+0500
2022-08-24T17:37+0500
афғонистон
боришот
сел
селоб
тахриб
кушта
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049461363_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_2a07119c774033372d277b3af4d6806f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар селобҳои ахир дар Афғонистон 200 нафар кушта ва беш аз 18 ҳазор хона вайрон шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирон ва авдаткунандагони толибон.Вазири муҳоҷирони толибон дар конфаронси хабарӣ дар бораи сели ахир дар Афғонистон гуфтааст ки дар сели ахир дар манотиқи мухталифи ин кишвари 200 нафари кушта ва 250 нафар низ масдум шуданд.Вай афзуд, ҳамчунин сели ахири 18 ҳазор манзили маскуниро тахриб кардааст.Рӯзи гузаштаи CNN ба нақл аз мақомоти толибон гузориш дода буд, ки дар сели ахир дар Афғонистони 95 нафари кушта ва даҳҳо нафар низ масдӯм шуданд.Ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ, ҳамзамон бо мушкилоти иқтисодӣ аз таҳрими кишварҳои ғарбӣ Афғонистон тайи 10 рӯзи гузашта шоҳиди сели вайронгар дар 10 вилоят буда, ки хисорати ҷонӣ ва молии зиёде барҷой гузоштааст.Шарофиддин Мусаллам, муовини вазири мубориза ба ҳаводиси табиии давлати муваққати толибон ба ин раонаи амрикоӣ гуфт: маводи ғизоӣ ва ақломи зарурӣ ба манотиқ селзада ирсол шудаӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ қарор аст ба кумаки осебдидагон бипардозанд.Вай афзуд, зимистон дар роҳ аст ва селзадагон паноҳгоҳе барои зиндагӣ дар ихтиёр надоранд.Пеш аз ин низ дафтари ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Созмони милал низ эълом кардааст, ки тайи ҳафтаи гузаштаи сеи ногаҳонӣ дар чандини вилояти Афғонистон ҷони 60 нафарро гирифтааст.Ин ниҳод гуфтааст ки дар канори хисорати ҷонӣ, сели ахири Афғонистон 800 хонаро дар вилоятҳои Кунар, Лағмон, Нангарҳор ва Парвон тахриб кардааст.
https://sputnik.tj/20220821/afghoniston-gurjiston-ima-rusiya-mutavajjeh-video-1050855419.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049461363_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_3c9d72600c7ffd8db602762a41acb21b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонситон, сел, селоб, кушта, тахриб, хона, вайрон, толибон, боришот
афғонситон, сел, селоб, кушта, тахриб, хона, вайрон, толибон, боришот
Селобҳои ахир дар Афғонистон: 200 кушта ва тахриби 18 ҳазор манзили маскунӣ
15:30 24.08.2022 (Навсозишуда: 17:37 24.08.2022) Ба дунболи боришоти шадиди борон ва ҷорӣ шудани сел дар Афғонистон садҳо нафар куштаву наздик ба 20 ҳазор хона тахриб шудааст
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар селобҳои ахир дар Афғонистон 200 нафар кушта ва беш аз 18 ҳазор хона вайрон шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирон ва авдаткунандагони толибон.
Вазири муҳоҷирони толибон дар конфаронси хабарӣ дар бораи сели ахир дар Афғонистон гуфтааст ки дар сели ахир дар манотиқи мухталифи ин кишвари 200 нафари кушта ва 250 нафар низ масдум шуданд.
Вай афзуд, ҳамчунин сели ахири 18 ҳазор манзили маскуниро тахриб кардааст.
Рӯзи гузаштаи CNN ба нақл аз мақомоти толибон гузориш дода буд, ки дар сели ахир дар Афғонистони 95 нафари кушта ва даҳҳо нафар низ масдӯм шуданд.
Ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ, ҳамзамон бо мушкилоти иқтисодӣ аз таҳрими кишварҳои ғарбӣ Афғонистон тайи 10 рӯзи гузашта шоҳиди сели вайронгар дар 10 вилоят буда, ки хисорати ҷонӣ ва молии зиёде барҷой гузоштааст.
Шарофиддин Мусаллам, муовини вазири мубориза ба ҳаводиси табиии давлати муваққати толибон ба ин раонаи амрикоӣ гуфт: маводи ғизоӣ ва ақломи зарурӣ ба манотиқ селзада ирсол шудаӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ қарор аст ба кумаки осебдидагон бипардозанд.
Вай афзуд, зимистон дар роҳ аст ва селзадагон паноҳгоҳе барои зиндагӣ дар ихтиёр надоранд.
Пеш аз ин низ дафтари ҳамоҳангкунанда кумакҳои башардӯстонаи Созмони милал низ эълом кардааст, ки тайи ҳафтаи гузаштаи сеи ногаҳонӣ дар чандини вилояти Афғонистон ҷони 60 нафарро гирифтааст.
Ин ниҳод гуфтааст ки дар канори хисорати ҷонӣ, сели ахири Афғонистон 800 хонаро дар вилоятҳои Кунар, Лағмон, Нангарҳор ва Парвон тахриб кардааст.