https://sputnik.tj/20220824/muborizai-mushtaraki-tojikistonu-falastin-korrupsiya-1050919748.html
Муборизаи муштараки Тоҷикистону Фаластин бо коррупсия
Муборизаи муштараки Тоҷикистону Фаластин бо коррупсия
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Фаластин санадеро ба имзо расонданд, ки тибқи он, тарафҳо ният доранд, ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият диҳанд 24.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-24T20:00+0500
2022-08-24T20:00+0500
2022-08-24T20:37+0500
дар тоҷикистон
коррупсия
агентӣ
санад
имзо
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
ёддошти ҳамкорӣ
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919442_0:10:640:370_1920x0_80_0_0_8039b7a0538320c8d75e881bfd1d21fa.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар робита ба муқовимат бо коррупсия ба имзо расид, иттилоъ додааст Агентии зидди фасоди кишвар.Таъкид шудааст, ки санади мазкурро Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван ба имзо расониданд.“Ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад”, - қайд кардаанд масъулинӣ Агентӣ.Бояд гуфт, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ ҳайати Фаластин баъд аз имзои созишнома бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос шуданд.
https://sputnik.tj/20220715/abbos-etirofi-falastin-subot-mintaqa-1050024225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919442_9:0:613:453_1920x0_80_0_0_3c3ce3cd92ae160c3217b158aca22388.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, коррупсия, агентӣ, санад, имзо, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ёддошти ҳамкорӣ, мубориза
дар тоҷикистон, коррупсия, агентӣ, санад, имзо, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ёддошти ҳамкорӣ, мубориза
Муборизаи муштараки Тоҷикистону Фаластин бо коррупсия
20:00 24.08.2022 (Навсозишуда: 20:37 24.08.2022) Тоҷикистону Фаластин санадеро ба имзо расонданд, ки тибқи он, тарафҳо ният доранд, ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар робита ба муқовимат бо коррупсия ба имзо расид, иттилоъ додааст Агентии зидди фасоди кишвар.
Таъкид шудааст, ки санади мазкурро Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван ба имзо расониданд.
“Ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад”, - қайд кардаанд масъулинӣ Агентӣ.
Бояд гуфт, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ ҳайати Фаластин баъд аз имзои созишнома бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос шуданд.