https://sputnik.tj/20220715/abbos-etirofi-falastin-subot-mintaqa-1050024225.html
Аббос: Эътирофи давлати Фаластин калиди субот дар минтақа аст
Аббос: Эътирофи давлати Фаластин калиди субот дар минтақа аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Фаластин барои субот дар минтақа эътирофи давлати Фаластин ва барқарории марзҳои охири соли 60-уми асри гузаштаро муҳим хонд
2022-07-15T18:04+0500
2022-07-15T18:04+0500
2022-07-15T20:23+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
фаластин
ҷо байден
маҳмуд аббос
эътироф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/80/1020808040_0:0:2447:1376_1920x0_80_0_0_b5949480a93bd9082238d1ec6f6059fd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Эътироф кардани давлати Фаластин калиди сулҳ дар минтақа аст, гуфт раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоияш, Ҷо Байден, иттилоъ дод РИА "Новости". Манбаъ аз қавли Аббос овардааст, "эътироф кардани давлати Фаластин ва бархӯрдии фаластаниҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ, калиди сулҳ дар минтақа аст". Раисҷумҳури Фаластин поён додан ба ишғоли заминҳо аз сӯи Исроилро аз шартҳои дигари субот дар минтақа хондаст. Маҳмуд Аббос ҳамчунин аз Байден хостааст, консулгарии Амрикоро дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дигарбора боз кунад ва Созмони озодибахши Фаластинро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ намояд. Вай ҳамчунин талаб кардааст, ки қотилони хабарнигори фаластинӣ Ширин Абу Акле, ки дар авоили моҳи май дар ҷараёни амалиёти низомии сарбозони исроилӣ дар шаҳри Ҷенини канори ғариби рӯди Урдун кушта шуд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Маврид ба зикр аст, ки ин мулоқот дар доираи сафари Ҷо Байден ба шарқи наздик сурат гирифт. Дар баробари ин боздиди Байден аз Исроил ва Арабистони Саудӣ дар назар аст.
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/80/1020808040_0:0:2309:1732_1920x0_80_0_0_df5e75db7089d5ef5560498c0e37f186.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳбар, фаластин, шарт, оромӣ, минтақа
роҳбар, фаластин, шарт, оромӣ, минтақа
Аббос: Эътирофи давлати Фаластин калиди субот дар минтақа аст
18:04 15.07.2022 (Навсозишуда: 20:23 15.07.2022) Раисҷумҳури Фаластин барои субот дар минтақа эътирофи давлати Фаластин ва барқарории марзҳои охири соли 60-уми асри гузаштаи ин кишварро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Эътироф кардани давлати Фаластин калиди сулҳ дар минтақа аст, гуфт раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоияш, Ҷо Байден, иттилоъ дод РИА "Новости".
Манбаъ аз қавли Аббос овардааст, "эътироф кардани давлати Фаластин ва бархӯрдии фаластаниҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ, калиди сулҳ дар минтақа аст".
Раисҷумҳури Фаластин поён додан ба ишғоли заминҳо аз сӯи Исроилро аз шартҳои дигари субот дар минтақа хондаст.
"Ба даст овардани сулҳ ба хатми ишғолкории Исроил дар қаламрави Фаластин ва таъсиси як давлати Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти он бастагӣ дорад", - афзуд ӯ.
Маҳмуд Аббос ҳамчунин аз Байден хостааст, консулгарии Амрикоро дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дигарбора боз кунад ва Созмони озодибахши Фаластинро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ намояд.
Вай ҳамчунин талаб кардааст, ки қотилони хабарнигори фаластинӣ Ширин Абу Акле, ки дар авоили моҳи май дар ҷараёни амалиёти низомии сарбозони исроилӣ дар шаҳри Ҷенини канори ғариби рӯди Урдун кушта шуд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мулоқот дар доираи сафари Ҷо Байден ба шарқи наздик сурат гирифт. Дар баробари ин боздиди Байден аз Исроил ва Арабистони Саудӣ дар назар аст.