Созиш ҳосил шуд: як қадами дигари размикори тоҷик то пайвастан ба UFC

CC BY-SA 4.0 / commons.wikimedia.org/Nurullo Aliev / Нурулло Алиев
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Паҳлавони ҳунарҳои размии омехта аз Тоҷикистон, ки то ҳол ҳич шикасте надидааст, бо ташкилоти "Dana White Contender Series" шартнома ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Размикори тоҷик, Нурулло Алиев барои созишнома бо UFC вориди зӯрозмоӣ мешавад.
Алиев бо ташкилоти Дана Уайт - "Dana White Contender Series" шартнома ба имзо расонда, довталаби узвият дар UFC гардидаст. Ӯ бо нашри акси муштарак бо Дана Уайт, роҳбари UFC, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин имконият сипос гуфтаст.
"Дана Уайт сипос, ки қавлатонро иҷро кардеду ба ман имконият додед барои созишнома бо UFC мубориза барам", - таъкид кардаст Алиев.
Телевизиони "Варзиш" тавзеҳ додаст, ки дар ҳоли ҳозир размикори тоҷик бо ташкилоти "Dana White Contender Series" созишнома бастаст ва агар дар ин ташкилот ғалаба ба даст биёрад, имкони роҳ ёфтан ба UFC барои ӯ пайдо мешавад.
Таъкид шудаст, ки санаи рақобати Нурулло Алиев дар доираи ин ташкилот 20-уми сентябр муайян шудааст. Дар сурати пирӯзӣ размикори тоҷик метавонад бо UFC шартнома ба имзо расонад.
Муборакшоев: ҳар як ҷавони тоҷик метавонад ба қуллаҳои баландтарин дар риштаи ММА бирасад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Пешравӣ дар пеш: Муборакшоев сатҳи ММА дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео
Маврид ба зикр аст, ки то ин марҳила пеш аз Нурулло Алиев, размикорони дигари тоҷик, аз ҷумла Муин Ғафуров ва Муҳаммад Наимов расида, имкони роҳ ёфтан ба UFC-ро доштанд, лек мағлуб шуда буданд.
Мухлисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори умед кардаанд, ки моҳи сентябри соли равон Тоҷикистон низ соҳиби размикори худ дар созмони UFC хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0