https://sputnik.tj/20220630/muborakshoev-mma-tojikiston-1049646364.html
Пешравӣ дар пеш: Муборакшоев сатҳи ММА дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео
Пешравӣ дар пеш: Муборакшоев сатҳи ММА дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони ММА варзишкори шикастнадидаи тоҷик, Муборакшо Муборакшоев мегӯяд, ҳар як ҷавони тоҷик қодир аст дар муҳорибаҳои омехта ба қуллаҳои баландтарин бирасад
2022-06-30T20:01+0500
2022-06-30T20:01+0500
2023-07-04T17:43+0500
видео
размикор
дар тоҷикистон
мма
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049645938_0:125:1280:845_1920x0_80_0_0_40f261a010cc7bd55c779f11d61a88e4.jpg
Муборакшо Муборакшоев, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, вале аллакай дар корномаи варзишиаш 7 пирӯзӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзанӣ дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, сатҳи рушди ММА дар кишварро арзёбӣ кард.Муборакшо бовар дорад, ки муҳорибаҳои омехта намуди варзишест, ки бояд тоҷикони кӯҳистонӣ ба он машғул шаванд.Муборакшоев: "UFC ва миллион намехоҳам, дар Хоруғ тамрингоҳи бузурги ММА месозам""Замоне, ки дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехта роҳандозӣ шуд, дигар кишварҳо аллакай даҳсолаҳо пеш, ин навъи варзишро таҷриба мекарданд. Барои расидан ба сатҳи онҳо каме мушкил буд. Вале, ман фикр мекунам, ки ҳамаи мардуми тоҷик, махсусан мардуми кӯҳистон барои ҳамин намуди варзиш қобилияти хуб доранд", - гуфт Муборакшо.Барои бештар рушд додани ин навъи варзиш дар Тоҷкистон, Муборакшо мегӯяд бояд шароити хуб муҳайё кард. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як ҷавони тоҷик метавонад махсусан дар ҳамин риштаи варзиш ба қуллаҳои баландтарин бирасад.Ӯ мегӯяд, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ММА дар Тоҷикистон бояд кӯдаконро аз хурдӣ омода кард. Варзишкори тоҷик барои омода шудани бадани кӯдакон ба ММА як намуди варзишро тавсия медиҳад."Аз хурдӣ бояд кӯдакон бештар ба куштии тарзи озод машғул шаванд то замони пайвастан ба ММА бадани онҳо омода бошад", - гуфт Муборакшо.Барои тақвияти ин гуфтаҳо варзишкори тоҷик размикори №1-и ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мисол овард, ки ҳамеша дар октагон аз усулҳои куштӣ истифода мекард ва пирӯз мешуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Муборакшоев: ҳар як ҷавони тоҷик метавонад ба қуллаҳои баландтарин дар риштаи ММА бирасад
Sputnik Тоҷикистон
Муборакшо Муборакшоев, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, вале аллакай дар корномаи варзишиаш 7 пирӯзӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзанӣ дорад. Ӯ мегӯяд рушди ММА дар Тоҷикистон дар сатҳи хуб аст.
2022-06-30T20:01+0500
true
PT1M36S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1e/1049645938_76:157:1147:960_1920x0_80_0_0_92de5ace58b528e1e6564b4a06eab665.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муборакшо муборакшоев, мма, размикор, варзишкор
муборакшо муборакшоев, мма, размикор, варзишкор
Пешравӣ дар пеш: Муборакшоев сатҳи ММА дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео
20:01 30.06.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Эксклюзив
Қаҳрамони ММА варзишкори шикастнадидаи тоҷик, Муборакшо Муборакшоев мегӯяд, ҳар як ҷавони тоҷик қодир аст дар муҳорибаҳои омехта ба қуллаҳои баландтарин бирасад
Муборакшо Муборакшоев, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, вале аллакай дар корномаи варзишиаш 7 пирӯзӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзанӣ дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, сатҳи рушди ММА дар кишварро арзёбӣ кард.
Муборакшо бовар дорад, ки муҳорибаҳои омехта намуди варзишест, ки бояд тоҷикони кӯҳистонӣ ба он машғул шаванд.
"Замоне, ки дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехта роҳандозӣ шуд, дигар кишварҳо аллакай даҳсолаҳо пеш, ин навъи варзишро таҷриба мекарданд. Барои расидан ба сатҳи онҳо каме мушкил буд. Вале, ман фикр мекунам, ки ҳамаи мардуми тоҷик, махсусан мардуми кӯҳистон барои ҳамин намуди варзиш қобилияти хуб доранд", - гуфт Муборакшо.
Барои бештар рушд додани ин навъи варзиш дар Тоҷкистон, Муборакшо мегӯяд бояд шароити хуб муҳайё кард. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як ҷавони тоҷик метавонад махсусан дар ҳамин риштаи варзиш ба қуллаҳои баландтарин бирасад.
"Мардуми тоҷик ва махсусан мардуми Кӯҳистони Бадахшон бояд ба ин намуди варзиш машғул шаванд. Онҳо қобилият доранд ва ҳавои тозаи кӯҳистон барои обу тоби бадан бисёр муфид аст", - гуфт Муборакшо.
Ӯ мегӯяд, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ММА дар Тоҷикистон бояд кӯдаконро аз хурдӣ омода кард. Варзишкори тоҷик барои омода шудани бадани кӯдакон ба ММА як намуди варзишро тавсия медиҳад.
"Аз хурдӣ бояд кӯдакон бештар ба куштии тарзи озод машғул шаванд то замони пайвастан ба ММА бадани онҳо омода бошад", - гуфт Муборакшо.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо варзишкори тоҷик размикори №1-и ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мисол овард, ки ҳамеша дар октагон аз усулҳои куштӣ истифода мекард ва пирӯз мешуд.