https://sputnik.tj/20220823/nazar-rusiyagi-amaliyot-nizomi-1050880169.html
Назари русиягиҳо ба амалиёти низомӣ дар Украина: Кӣ мавқеашро тағйир дод?
Назари русиягиҳо ба амалиёти низомӣ дар Украина: Кӣ мавқеашро тағйир дод?
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз шаҳрвандони Русия, ки ҳанӯз моҳи марти соли равон мухолифи амалиёти низомӣ дар Украина будаанд, назарашонро ба баръакси он тағйир додаанд
2022-08-23T09:48+0500
2022-08-23T09:48+0500
2022-08-23T16:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
амалиёт
низомӣ
назарпурсӣ
ҷонибдорӣ
мухолифат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046295217_0:138:3151:1910_1920x0_80_0_0_97c0af731294157658cb743bd7b4753c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сатҳи дастгирии аҳолии Русия аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то ба 75% расид, хабар дод РИА "Новости" аз қавли мудири кулли Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум Валерий Фёдоров. Ба иттилои ӯ, аз аввали амалиёти низомӣ дар Украина, бархе сокинони Русия назарашонро дар мавриди амалиёт тағйир додаанд. Ӯ афзуд, ки баъдан ҷонибдорон ба 74-75% ва мухолифон ба 15-17% расиданд ва феълан тағироти ҷиддие дар ин таносубҳо дида намешавад. "Дар ин муддат ҳудуди 10 дарсади пурсидашудагон мавқеъи худро иваз карданд, онҳое, ки мухолиф буданд ва ё дар ҷавоб додан душворӣ кашида буданд, ба мавқеи пуштибонӣ гузаштанд”, - мудири Маркази омӯзиши афкор. Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир баҳогузории русиягиҳо ба амалиёти низомӣ ташаккул ёфта, ҳама мавқеи худро гирифтаанд ва ба ин мавқеъ пойбанд мондаанд. "Ҷанги иттилоотӣ, ки бо суръат идома дорад, ин таносубро куллан тағйир намедиҳад", - таъкид кард Фёдоров. Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220820/shoygu-ukrainiho-siyosati-badbinii-rusiya-1050840333.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1a/1046295217_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_c5f88aaa38d92e172c8002031555b5d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, назар, амалиёт, украина
тағйирот, назар, амалиёт, украина
Назари русиягиҳо ба амалиёти низомӣ дар Украина: Кӣ мавқеашро тағйир дод?
09:48 23.08.2022 (Навсозишуда: 16:52 23.08.2022) Бархе аз шаҳрвандони Русия, ки ҳанӯз моҳи марти соли равон мухолифи амалиёти низомӣ дар Украина будаанд, назарашонро дар ин робита тағйир додаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сатҳи дастгирии аҳолии Русия аз амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то ба 75% расид, хабар дод РИА "Новости" аз қавли мудири кулли Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум Валерий Фёдоров.
Ба иттилои ӯ, аз аввали амалиёти низомӣ дар Украина, бархе сокинони Русия назарашонро дар мавриди амалиёт тағйир додаанд.
"Муносибат ба амалиёти вижа аз охири моҳи феврал то нимаи моҳи март ташаккул ёфт. Мо бо таносуби тақрибан 65% ҷонибдорӣ ва 25% мухолифат оғоз кардем. Ин натиҷаи пурсиши 25 феврал аст" - гуфт Фёдоров.
Ӯ афзуд, ки баъдан ҷонибдорон ба 74-75% ва мухолифон ба 15-17% расиданд ва феълан тағироти ҷиддие дар ин таносубҳо дида намешавад.
"Дар ин муддат ҳудуди 10 дарсади пурсидашудагон мавқеъи худро иваз карданд, онҳое, ки мухолиф буданд ва ё дар ҷавоб додан душворӣ кашида буданд, ба мавқеи пуштибонӣ гузаштанд”, - мудири Маркази омӯзиши афкор.
Вай тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир баҳогузории русиягиҳо ба амалиёти низомӣ ташаккул ёфта, ҳама мавқеи худро гирифтаанд ва ба ин мавқеъ пойбанд мондаанд.
"Ҷанги иттилоотӣ, ки бо суръат идома дорад, ин таносубро куллан тағйир намедиҳад", - таъкид кард Фёдоров.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.