https://sputnik.tj/20220820/shoygu-ukrainiho-siyosati-badbinii-rusiya-1050840333.html
Шойгу: На ҳама украиниҳо сиёсати бадбинии Русияро қабул кардаанд
Шойгу: На ҳама украиниҳо сиёсати бадбинии Русияро қабул кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия дар суханронии ахраш гуфтааст, ки аксари мардуми Украина сиёсати бадбинии Русияро, ки аз сӯйи Киев роҳандозӣ шудааст, қабул накардаанд
2022-08-20T17:10+0500
2022-08-20T17:10+0500
2023-02-08T19:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
украина
киев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_0:0:2627:1478_1920x0_80_0_0_4486e2419926381a0ac424ee8c891047.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Аксари сокинони Украина сиёсати мақомоти Киевро, ки ҳадафи он эҳёи натсизм ва барангехтани нафрат нисбати Русия аст, қабул накарданд, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран зимни суханронаш дар ҷаласаи пленарии Конгресси байналмилалии зиддифашистӣ."Суҳбати махсус дар бораи неонатсизм дар Украина меравад. Киеви расмӣ ошкоро худро вориси миллатгароёни украинӣ эълон кард. Верховная Рада ОУН-УПА*-ро муборизони истиқлолияти миллӣ эълон кард. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Вашингтон ҳама корро анҷом дод, то аз Украина кишвари зиддӣ Русия эҷод кунанд. Онҳо ба пешбурди қонунҳо, ки забони русӣ, ВАО-и русӣ, фарҳанги русиро маҳдуд мекунад ва ҳама чизе, ки ба кишвари мо марбут аст, ташвиқ карданд", - гуфт Шойгу.Вай таъкид кард, ки "бисёриҳо дар Украина чунин сиёсатро қабул накардаанд.""Аз ҷумла сокинони Донбасс, ки режими ҳокимро ба ормонҳои фашистии худ тобеъ накарданд. Баъдан алайҳи онҳо амалиёти бераҳмонаи муҷозотӣ оғоз шуд", - қайд кард вазири дифои Русия.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.*- созмон ё гурӯҳе, ки дар Русия фаъолияташ мамануъ шудааст
https://sputnik.tj/20220818/sheva-tabdil-ukraina-kamikadze-1050800443.html
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048672588_187:0:2416:1672_1920x0_80_0_0_4ccef141c1ba7c350921992ce2d0430b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёт, бадбинӣ, сиёсат, киев, мардум
русия, украина, амалиёт, бадбинӣ, сиёсат, киев, мардум
Шойгу: На ҳама украиниҳо сиёсати бадбинии Русияро қабул кардаанд
17:10 20.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Вазири дифои Русия дар суханронии ахираш гуфтааст, аксари мардуми Украина сиёсати бадбинии Русияро, ки аз сӯйи Киев роҳандозӣ шудааст, қабул накардаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Аксари сокинони Украина сиёсати мақомоти Киевро, ки ҳадафи он эҳёи натсизм ва барангехтани нафрат нисбати Русия аст, қабул накарданд, гуфт Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран зимни суханронаш дар ҷаласаи пленарии Конгресси байналмилалии зиддифашистӣ.
"Суҳбати махсус дар бораи неонатсизм дар Украина меравад. Киеви расмӣ ошкоро худро вориси миллатгароёни украинӣ эълон кард. Верховная Рада ОУН-УПА*-ро муборизони истиқлолияти миллӣ эълон кард. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Вашингтон ҳама корро анҷом дод, то аз Украина кишвари зиддӣ Русия эҷод кунанд. Онҳо ба пешбурди қонунҳо, ки забони русӣ, ВАО-и русӣ, фарҳанги русиро маҳдуд мекунад ва ҳама чизе, ки ба кишвари мо марбут аст, ташвиқ карданд", - гуфт Шойгу.
Вай таъкид кард, ки "бисёриҳо дар Украина чунин сиёсатро қабул накардаанд."
"Аз ҷумла сокинони Донбасс, ки режими ҳокимро ба ормонҳои фашистии худ тобеъ накарданд. Баъдан алайҳи онҳо амалиёти бераҳмонаи муҷозотӣ оғоз шуд", - қайд кард вазири дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
*- созмон ё гурӯҳе, ки дар Русия фаъолияташ мамануъ шудааст