Гуфтугӯи телефонии Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Роҳбари Русия ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар як гуфтугӯи телефонӣ мавзуи ҷаласаи қарибулвуқуи СҲШ-ро, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ҳамкориҳои дуҷониба аз дигар мавзуоти матраҳ миёни Владимир Путин, президенти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тайи ин суҳбати телефонӣ буд, ки ҷузъиёти бештари аз он расаноӣ нашудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Русия зимни гуфтугӯ роҳбарони ду кишвар мавзуи нишасти СҲШ, ки қарор аст, моҳи сентябр дар Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шавад, баррасӣ кардаанд.

“Бархе масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни Русия ва Тоҷикистон, инчунин мавзуъҳои нишасти СҲШ, ки қарор аст, моҳи сентябр дар Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шавад, баррасӣ шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақаӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақаӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Эмомалӣ Раҳмон таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалро муҳим донист
“Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд”, - гуфтааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0