Эмомалӣ Раҳмон таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалро муҳим донист

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, камбуди ғизо, коҳиши бардошти ғалла ё маҳдудият дар содироти маводи ғизоӣ боиси хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар дидор бо фаъолони Суғд дар шаҳри Гулистон гуфт, ки вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам боиси хатари гуруснагӣ дар бархе аз кишварҳо мегардад.
Вай гуфт, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022-2023, манъ ё маҳдуд кардани содироти маҳсулоти озуқа аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва мушкилоти дигар, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Раҳмон, мегӯяд таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар давом дорад
Кишвардори Тоҷикистон иброз дошт, ки дар чунин шароити ҳассос таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, муҳим мебошад.
“Ташкил кардани захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” вазифаи ҷонии роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад”, - илова карлд раисҷумҳур.
Лентаи хабарҳо
0