https://sputnik.tj/20220822/tojikiston-taminkunanda-uzbekiston-sement-1050864203.html
Тоҷикистон таъминкунандаи асосии Ӯзбекистон бо семент шуд
Тоҷикистон таъминкунандаи асосии Ӯзбекистон бо семент шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон қариб нисфи сементи воридотияшро аз Тоҷикистон мехарад. Дар феҳрасти таъминкунандаҳои ҶӮ бо семент, асосан кишварҳои ҳамсоя ҷой гирифтаанд
2022-08-22T14:30+0500
2022-08-22T14:30+0500
2022-08-22T17:45+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
тавлид
ӯзбекистон
семент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/24/1016442404_0:208:2903:1840_1920x0_80_0_0_dea19e15313b059eb59ca49f5a7e160c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар садри кишварҳои воридкунандаи семент ба Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод Кумитаи давлатии омори ҶӮ. Ба иттилои манбаъ, аз январ то июли соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 533 ҳазор тон семент ворид карда шудааст. Дар маҷмуъ тайи 7 моҳ Ӯзбекистон 1,3 млн тон семент ба маблағи 52,5 млн доллар харид кардааст. Ба Ӯзбекистон инчунин аз Қирғизистон - 385 ҳазор тон, Қазоқистон - 353 ҳазор тон, Туркманистон - 11,5 ҳазор тон, Эрон - 6,7 ҳазор тон, Чин - 1,4 ҳазор тон, Русия - 782 тон семент ворид карда шудаст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлиди сементро дар нимсолаи аввали соли равон коҳиш дод. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ки қаблан расонаӣ шуд, дар нимсолаи аввал 2 млн тон семент тавлид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 157 ҳазор тон кам аст. Зикр шудаст, ки Тоҷикистон дар 6 моҳи аввал беш аз 677 ҳазор тон семент ба маблағи қариб 21 млн доллар ба хориҷ содир кардааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 10% бештар аст. Саҳми семент дар маҷмӯи содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 2%-ро ташкил додаст. Масолеҳи сохтмонии тавлиди Тоҷикистон, аз ҷумла сементро асосан кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра харидорӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220804/top-10-mahsulot-sodirot-tojikiston-1050480890.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/24/1016442404_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_b118a9c0af118fa81d43ffe2423e7a88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, семент, асосан, тоҷикистон
ӯзбекистон, семент, асосан, тоҷикистон
Тоҷикистон таъминкунандаи асосии Ӯзбекистон бо семент шуд
14:30 22.08.2022 (Навсозишуда: 17:45 22.08.2022) Ӯзбекистон қариб нисфи сементи воридотияшро аз Тоҷикистон мехарад. Дар феҳрасти таъминкунандаҳои ҶӮ бо семент асосан кишварҳои ҳамсоя ҷой гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар садри кишварҳои воридкунандаи семент ба Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод Кумитаи давлатии омори ҶӮ.
Ба иттилои манбаъ, аз январ то июли соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 533 ҳазор тон семент ворид карда шудааст. Дар маҷмуъ тайи 7 моҳ Ӯзбекистон 1,3 млн тон семент ба маблағи 52,5 млн доллар харид кардааст.
Ба Ӯзбекистон инчунин аз Қирғизистон - 385 ҳазор тон, Қазоқистон - 353 ҳазор тон, Туркманистон - 11,5 ҳазор тон, Эрон - 6,7 ҳазор тон, Чин - 1,4 ҳазор тон, Русия - 782 тон семент ворид карда шудаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлиди сементро дар нимсолаи аввали соли равон коҳиш дод. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ки қаблан расонаӣ шуд, дар нимсолаи аввал 2 млн тон семент тавлид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 157 ҳазор тон кам аст.
Зикр шудаст, ки Тоҷикистон дар 6 моҳи аввал беш аз 677 ҳазор тон семент ба маблағи қариб 21 млн доллар ба хориҷ содир кардааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 10% бештар аст.
Саҳми семент дар маҷмӯи содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 2%-ро ташкил додаст.
Масолеҳи сохтмонии тавлиди Тоҷикистон, аз ҷумла сементро асосан кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра харидорӣ мекунанд.