Суҳбати дигарбораи телефонии Путину Мирзиёев: президентҳо чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГосударственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан
Государственный визит президента РФ Владимира Путина в Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Роҳбарони давлатҳои Русия ва Ӯзбекистон бори дуюм дар ҳафтаи охир тамоси телефонӣ доштанд. Аз мавзуъҳои марказии суҳбатҳо мулоқот дар Самарқанд гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумлаи мавзуъҳои марказии суҳбат рушди шарикии ҷонибҳо ва омодагӣ ба мулоқоти қарибулвуқӯи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай - СҲШ буданд.
Тафсилоти дигари суҳбати президентҳо, ки бори дуюм дар ҳафтаи охир сурат мегирад, оварда нашудааст.
Қаблан президентҳои Русия ва Ӯзбекистон рӯзи 16 август суҳбати телефонӣ анҷом дода буданд. Онҳо аз ҷумла омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ карда буданд.
Выступления Ашурбоя Солехзода на экономическом форуме ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Нақши СҲШ дар муомилоти молии Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви СҲШ 16 сентябр дар нақша аст. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин ҳамоиш қабули 28 санади байналмилалӣ дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0