Поёни таҳқиқи ҳодисаи масмумияти 22 сокини Исфара: тафсилот

© Sputnik / Амир ИсаевГород Худжанд
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2022
Обуна шудан
Қаҳвахонае, ки дар Исфара сокинон пас аз истеъмоли ғизояш заҳролуд шуданд, ба кор даромада, аз чаҳор ошпазе, ки манбаи беморӣ буданд, ду танашон баргаштаанд
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии шаҳри Исфара мегӯянд, таҳқиқ барангезандаи бактерияеро, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр дар қаҳвахонаи "Одилон" гардид, ба поён расониданд.
Як масъули идораи беҳдоштии Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз поёни таҳқиқ маъмурияти ошхонаи мазкурро 1280 сомонӣ ҷарима кардаанд.
"Масъулони ин макон тибқи моддаи 117-и кодекси маъмурии Тоҷикистон, яъне риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ ҷарима шуданд", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манобеи мо аз ин шаҳр ошхонаи "Одилон" аллакай пас аз ин ҳаводис дигарбора дарҳояшро боз кардаанд.
Гуфта мешавад, ошпазҳое, ки манбаи бактерияи стафилококк (зарринтоб) буданд, ду нафарашон пас аз табобат баргаштаву дуи дигар дар шаҳри Хуҷанд табобат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр пас аз истеъмоли таоми ин ошхона санаи 7 август расонаӣ шуд.
Куры гриль   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Айби рӯған буд, на аз гӯшти мурғ: Файзуллозода ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Хуҷандро шарҳ дод
Дар пайи ташхиси мақомот маълум намуд, ки дар бадани чор нафар ошпазҳо аз ҷумла як зану шавҳар, ки ба омода намудани хӯриш машғул буданд бактерияи стафилококк мавҷуд будааст.
Ба гуфти мутахассисон, вируси сталифокок, ки онро бактерияи тиллоранги зарринтоб ҳам мегӯянд, маълулон дар бинӣ ва гулӯ ҷойгир шуда, дар вақти гап задан ва мушғул шудан ба коре паҳн мешавад.
Ин вирус умдатан ба маҳсулот, ки дар шароити қаҳвахонаҳо аз он хӯрок тайёр карда мешавад, махсусан бо маҳсулоти ширӣ ҳамроҳ шуда зуд паҳн мегардад.
Ин нахустин ҳолати заҳролудшавӣ аз ғизо дар шимоли кишвар набуда, қаблан низ бинобар сабаби риоя накарддани қоидаҳои беҳдошти дар як маркази хӯроки умумӣ дар Хуҷанд 50 тан заҳролуд шуда буд.
Мақомот дар пайин ҳодиса макони мурғбирёнфурӯширо маҳкам ва алайҳи раҳбари он парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0