https://sputnik.tj/20220203/kumita-zahroludshavi-gusht-murgh-khujandro-sharh-1045445417.html
Айби рӯған буд, на аз гӯшти мурғ: Файзуллозода ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Хуҷандро шарҳ дод
Айби рӯған буд, на аз гӯшти мурғ: Файзуллозода ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Хуҷандро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаи заҳролудшавӣ пас аз истеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷандро шарҳ дод 03.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-03T13:20+0500
2022-02-03T13:20+0500
2022-02-18T19:37+0500
озуқаворӣ
хуҷанд
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116918_0:299:3107:2047_1920x0_80_0_0_74a7d92c2ba9894d0e82dd32fc7a4178.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи заҳролудшавии сокинон пас аз итеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷанд аз рӯғани куҳна сар задааст.Номбурда гуфт, соҳибкор рӯғанро бисёр истифода кардааст, ки чунин ҳолат рух додааст.Ба гуфтаи мутахассисони кумита, рӯған агар се-чор бор истифода шавад, он заҳрнок мегардад ва ҳодисаи мазкур низ дар пайи чунин амал сар задааст.Файзуллозода гуфт, дар пайи ҳодисаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ва дар марказҳои лабораторӣ ташхис гузаронида шуд, ки ҳолатҳои бемории парранда ошкор нашуд. Ҳодисаи заҳролудшавии беш аз 50 сокини Суғд моҳи декабр расонаӣ гардид.Маълум шуд, ки ин гурӯҳи сокинон дар пайи истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грилл), ки онро Тоҷибоевҳо дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77, дар наздикии “Афғонбозор” омода мекарданд, ба ин ҳол гирифтор шудаанд.Дар шарҳи ин ҳолат котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд гуфт, ки “Тоҷибоев дар вақти пӯхтупази гӯшти мурғ талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон намудааст”.Дар натиҷаи чунин амали соҳибкор зиёда аз 50 нафар, асосан сокинони шаҳру навоҳии атрофи Хуҷанд заҳролуд ва дар беморхонаи бемориҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд.Мақомот дар ин ҳодиса Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародарашро ба пӯхтупаз ва фурӯши гӯшти мурғи пастсифат гунаҳгор дониста аоайҳашон парванда боз карда буданд, ки ҳоло дар баррасии додгоҳ қарор дорад.Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷибоевҳо бар асоси моддаи 207 қисми 1 (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст) боз шудааст.Ин моддаи қонун барои афроди ҷинояткор аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220125/parvanda-sohibkor-murg-khujand-dodgoh-1045127085.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116918_378:0:3107:2047_1920x0_80_0_0_97e407dd8a8caa76ef2dd0b4cb80b1a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озуқаворӣ, хуҷанд, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
озуқаворӣ, хуҷанд, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Айби рӯған буд, на аз гӯшти мурғ: Файзуллозода ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Хуҷандро шарҳ дод
13:20 03.02.2022 (Навсозишуда: 19:37 18.02.2022) Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаи заҳролудшавӣ пас аз истеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷандро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи заҳролудшавии сокинон пас аз итеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷанд аз рӯғани куҳна сар задааст.
Номбурда гуфт, соҳибкор рӯғанро бисёр истифода кардааст, ки чунин ҳолат рух додааст.
Ба гуфтаи мутахассисони кумита, рӯған агар се-чор бор истифода шавад, он заҳрнок мегардад ва ҳодисаи мазкур низ дар пайи чунин амал сар задааст.
Файзуллозода гуфт, дар пайи ҳодисаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ва дар марказҳои лабораторӣ ташхис гузаронида шуд, ки ҳолатҳои бемории парранда ошкор нашуд.
Ҳодисаи заҳролудшавии беш аз 50 сокини Суғд моҳи декабр расонаӣ гардид.
Маълум шуд, ки ин гурӯҳи сокинон дар пайи истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грилл), ки онро Тоҷибоевҳо дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77, дар наздикии “Афғонбозор” омода мекарданд, ба ин ҳол гирифтор шудаанд.
Дар шарҳи ин ҳолат котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд гуфт, ки “Тоҷибоев дар вақти пӯхтупази гӯшти мурғ талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон намудааст”.
Дар натиҷаи чунин амали соҳибкор зиёда аз 50 нафар, асосан сокинони шаҳру навоҳии атрофи Хуҷанд заҳролуд ва дар беморхонаи бемориҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд.
Мақомот дар ин ҳодиса Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародарашро ба пӯхтупаз ва фурӯши гӯшти мурғи пастсифат гунаҳгор дониста аоайҳашон парванда боз карда буданд, ки ҳоло дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷибоевҳо бар асоси моддаи 207 қисми 1 (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст) боз шудааст.
Ин моддаи қонун барои афроди ҷинояткор аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.