https://sputnik.tj/20220822/motami-milli-qirghiziston-1050862620.html
Марг дар сафар: эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон
Марг дар сафар: эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Маргу ҷароҳати шаҳрвандони Қирғизистонро дар садамаи даҳшатбори нақлиётӣ дар вилояти Улянов раисҷумҳури ҶҚ мотам барои тамоми мардум хонд
2022-08-22T13:16+0500
2022-08-22T13:16+0500
2022-08-22T13:27+0500
осиёи марказӣ
қирғизистон
муҳоҷират
ҳалокат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050168864_0:225:3081:1959_1920x0_80_0_0_9eaf2f23c03fda71ec4ac62f4a647279.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар робита ба марги ҳамватанонаш дар садама дар вилояти Улянов мотами миллӣ эълон кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, ки дар ин робита Ҷабборов ба мардум бо як муроҷиатнома хитоб кард. Президент дар паёмаш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва маҷрӯҳшудагон дар садамаи вилояти Уляновск изҳори ҳамдардӣ кардаст. Рӯзи якшанбеи 21 август дар пайи садама дар роҳи вилояти Уляновск бо иштироки мошини боркаш ва автобуси мусофирбар, 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.Аз маҷруҳшудагон низ шаҳрвандони Қирғизистон ном бурда шуда, ҳолашон вазнин арзёбӣ мегардад. Бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар замоне рух додаст, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода будаст.Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шудаст. Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабаро ронандаи боркаш рабт дод.Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220822/jasad-muhojir-sadama-vatan-havopaymo-1050857908.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/15/1050168864_61:0:2792:2048_1920x0_80_0_0_dd1e1123a908677ebeb5fbcf33aff712.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, рӯз, мотам, миллӣ, афғонистон
эълон, рӯз, мотам, миллӣ, афғонистон
Марг дар сафар: эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон
13:16 22.08.2022 (Навсозишуда: 13:27 22.08.2022) Маргу ҷароҳати шаҳрвандони Қирғизистонро дар садамаи даҳшатбори нақлиётӣ дар вилояти Уляновск раисҷумҳури ҶҚ мотам барои тамоми мардум хонд
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар робита ба марги ҳамватанонаш дар садама дар вилояти Улянов мотами миллӣ эълон кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, ки дар ин робита Ҷабборов ба мардум бо як муроҷиатнома хитоб кард.
Президент дар паёмаш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва маҷрӯҳшудагон дар садамаи вилояти Уляновск изҳори ҳамдардӣ кардаст.
"Ин фоҷиа як андӯҳи бузург барои тамоми мардуми мост. Ба пайвандони ҳалокшудагон ва қурбониён ҳатман кумак расонида мешавад. Ин масъала таҳти назорати шахсии ман аст", - гуфт Содир Ҷабборов.
Рӯзи якшанбеи 21 август дар пайи садама дар роҳи вилояти Уляновск бо иштироки мошини боркаш ва автобуси мусофирбар, 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.
Аз маҷруҳшудагон низ шаҳрвандони Қирғизистон ном бурда шуда, ҳолашон вазнин арзёбӣ мегардад. Бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар замоне рух додаст, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода будаст.
Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шудаст. Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабаро ронандаи боркаш рабт дод.
Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.