https://sputnik.tj/20220822/jasad-muhojir-sadama-vatan-havopaymo-1050857908.html
Ҷасади 14 муҳоҷири ҳалокшуда дар садамаро ба Ватан бо ҳавопаймои махсус интиқол медиҳанд
Ҷасади 14 муҳоҷири ҳалокшуда дар садамаро ба Ватан бо ҳавопаймои махсус интиқол медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон ба хонаводаи қурбониёни садама дар вилояти Уляновск, ки аксаран муҳоҷирон аз ин кишвари Осиёи Марказӣ будаанд, ҳамдардӣ баён кард 22.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-22T10:35+0500
2022-08-22T10:35+0500
2022-08-22T13:38+0500
осиёи марказӣ
қирғизистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
муҳоҷират
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045558525_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ec5a3a43506fec4ec62fd61f24bea8f4.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон дастур гирифтаанд, ки барои интиқоли ҷасади қурбониёни садамаи мудҳиш дар вилояти Улянов парвози махсусро ташкил кунанд. Феълан маълум аст, ки миёни 16 куштаи садама, 14 нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд. Ба иттилои сухангӯи президенти Қирғизистон, Эрбол Султонбоев, ҷасади қурбониёни садама дар Улянов бо дастури президент Содир Ҷабборов тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан интиқол меёбад. "Президент ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва фурудгоҳи байналмилалии “Манас” дастур дод, ки ташкили як ҳавопаймои махсус барои интиқоли ҷасади қурбониёни садама дар вилояти Улянов ба Қирғизистонро таҳия кунанд. Мо ба хонаводаи қурбониён изҳори таслият мекунем”, - гуфт сухангӯи президент. Маврид ба зикр аст, ки бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар 21 август замоне рух дод, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода буд. Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шуд. Теъдоди ҳалокшудагон 16 нафар гуфта мешавад. Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабароии як ронандаи боркаш рабт дод. Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045558525_117:0:1824:1280_1920x0_80_0_0_a66b4dea31d63e5b0a95dda7c07a6c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама, муҳоҷират, ҳалокат
осиёи марказӣ, қирғизистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама, муҳоҷират, ҳалокат
Ҷасади 14 муҳоҷири ҳалокшуда дар садамаро ба Ватан бо ҳавопаймои махсус интиқол медиҳанд
10:35 22.08.2022 (Навсозишуда: 13:38 22.08.2022) Раисҷумҳури Қирғизистон ба хонаводаи қурбониёни садама дар вилояти Уляновск, ки аксаран муҳоҷирон аз ин кишвари Осиёи Марказӣ будаанд, ҳамдардӣ баён кард
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон дастур гирифтаанд, ки барои интиқоли ҷасади қурбониёни садамаи мудҳиш дар вилояти Улянов парвози махсусро ташкил кунанд. Феълан маълум аст, ки миёни 16 куштаи садама, 14 нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.
Ба иттилои сухангӯи президенти Қирғизистон, Эрбол Султонбоев, ҷасади қурбониёни садама дар Улянов бо дастури президент Содир Ҷабборов тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан интиқол меёбад.
"Президент ба Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва фурудгоҳи байналмилалии “Манас” дастур дод, ки ташкили як ҳавопаймои махсус барои интиқоли ҷасади қурбониёни садама дар вилояти Улянов ба Қирғизистонро таҳия кунанд. Мо ба хонаводаи қурбониён изҳори таслият мекунем”, - гуфт сухангӯи президент.
Маврид ба зикр аст, ки бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар 21 август замоне рух дод, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода буд.
Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шуд. Теъдоди ҳалокшудагон 16 нафар гуфта мешавад.
Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабароии як ронандаи боркаш рабт дод.
Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.