https://sputnik.tj/20220822/erdughon-dalel-vahshat-zelenskiy-fosh-1050875505.html
Эрдуғон далели ваҳшати Зеленскийро фош кард
Эрдуғон далели ваҳшати Зеленскийро фош кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Украина дар музокирот дар Лвов ба раисиҷумҳури Туркия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чӣ бештар ӯро нигарон кардааст
2022-08-22T19:45+0500
2022-08-22T19:45+0500
2022-08-24T17:11+0500
украина
дар ҷаҳон
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
владимир зеленский
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_0:810:2200:2048_1920x0_80_0_0_2086683a686340f43ec640ece208b44f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки аз раҳбари Украина Владимир Зеленский сахт нигарон аст. Суханони ӯро телевизиони давлатии "Ulusal" овардааст.Ҳамин тавр, Эрдуғон зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии шаҳри Маниса гуфт, ки дар атрофи раисиҷумҳури Украина афроди зиёде ҳастанд, ки ӯро фиреб медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки президенти Туркия рӯзи 18 август дар Лвов бо Зеленский мулоқот кард. Сарони давлатҳо бо иштироки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш музокироти сеҷониба анҷом доданд, ки дар натиҷа Киев ва Анқара созишнома дар бораи барқарорсозии зерсохтори харобшудаи Украинаро имзо карданд. Қобили зикр аст, ки аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина Зеленский чанд мансабдори давлатиро барканор кард. Дар миёни онҳо додситони кулл Ирина Венедиктова ва раиси Хадамоти амнияти кишвар Иван Баканов низ ҳастанд. Ғайр аз ин, вай тафтиши фаъолияти Хадамоти амнияти Украинаро ташкил кард. Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Зеленский ният дорад генерал-майор Валерий Залужнийро аз мақоми сарфармондеҳи Қувваҳои усаллаҳи Украина барканор кунад. Ҷои ӯро фармондехи қушунҳои хушкигард Александр Сирский метавонад ишғол кунад.
https://sputnik.tj/20220806/nukoti-kalidii-bayoniyai-mushtarak-putinu-erdughon-1050532558.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/11/1049276314_188:711:1971:2048_1920x0_80_0_0_689c8a5bb720c988c1396868304cf134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон ваҳшат зеленский фош
эрдуғон ваҳшат зеленский фош
Эрдуғон далели ваҳшати Зеленскийро фош кард
19:45 22.08.2022 (Навсозишуда: 17:11 24.08.2022) Президенти Украина дар музокирот ба раисҷумҳури Туркия дар Лвов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир чӣ бештар ӯро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки аз раҳбари Украина Владимир Зеленский сахт нигарон аст. Суханони ӯро телевизиони давлатии "Ulusal" овардааст.
Ҳамин тавр, Эрдуғон зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии шаҳри Маниса гуфт, ки дар атрофи раисиҷумҳури Украина афроди зиёде ҳастанд, ки ӯро фиреб медиҳанд.
"Зеленский хеле нигарон аст. Онҳое ҳастанд, ки ӯро бисёр фиреб медиҳанд", - гуфт Эрдуғон дар посух ба суоли яке аз деҳқонон, ки аҳволи раҳбари Украинаро пурсид.
Ёдовар мешавем, ки президенти Туркия рӯзи 18 август дар Лвов бо Зеленский мулоқот кард. Сарони давлатҳо бо иштироки дабири кулли СММ Антониу Гутерриш музокироти сеҷониба анҷом доданд, ки дар натиҷа Киев ва Анқара созишнома дар бораи барқарорсозии зерсохтори харобшудаи Украинаро имзо карданд.
Қобили зикр аст, ки аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия дар Украина Зеленский чанд мансабдори давлатиро барканор кард. Дар миёни онҳо додситони кулл Ирина Венедиктова ва раиси Хадамоти амнияти кишвар Иван Баканов низ ҳастанд.
Ғайр аз ин, вай тафтиши фаъолияти Хадамоти амнияти Украинаро ташкил кард. Қаблан дар расонаҳо маълумоте пайдо шуда буд, ки Зеленский ният дорад генерал-майор Валерий Залужнийро аз мақоми сарфармондеҳи Қувваҳои усаллаҳи Украина барканор кунад. Ҷои ӯро фармондехи қушунҳои хушкигард Александр Сирский метавонад ишғол кунад.