Раиси барканоршудаи Варзоб вакили парлумон шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВыборы в Таджикистане
Выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Обуна шудан
Раиси пешини Варзоб, ки ахиран бо фармони раисҷумҳур барканор шуд, ҳамчун вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мешавад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Шерализода Муҳамадулло Умар, ки ахиран аз мақоми раиси ноҳияи Варзоб барканор шуд, вакили парлумон интихоб гардид.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Шерализода бо гирифтани 77 ҳазор овоз ва ё наздики 55%-и оро, вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №9 шуд.
Вакили пешӣ аз ҳавзаи Рӯдакӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон буд, ки аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳур таъйин гардид.
Маҳмадулло Шерализода бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи июли соли равон аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб барканор шуда буд. Сабаби барканории ӯ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардид.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Пирӯз маълум шуд: кӣ аз Данғара вориди парлумон мегардад?
Интизор меравад, фаъолияти вакилии ӯ аз Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват гардидаст, оғоз шавад.
Интихоб ва бозхонди раисони кумитаҳо ва ворид намудани тағйирот ба ҳайати кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз мавзӯҳои ҷаласаи ғайринавбатии қарибулвуқӯи парлумон мебошанд.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0