Пирӯз маълум шуд: кӣ аз Данғара вориди парлумон мегардад?

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Обуна шудан
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номи вакили нави Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии Данғараро эълон кард
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, бо гирифтани 75%-и оро дар интихоботи миёнадаврии парлумонӣ вакили нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Данғара интихоб шудааст.
Ба иттилои КМИР, дар пайи орошумории ниҳоӣ муайян шудааст, ки ба тарафдории Гулаҳмадзода наздики 79 ҳазор нафар овоз додаанд.
КМИР аз натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, қарор намудааст, ки ваколатҳои вакили нав тасдиқ ва шаҳодатномаи вакилӣ супорида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Гураҳмадзода дар Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон фаъолият карда, роҳбарии кумитаи иҷроияи ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансурро ба уҳда дошт.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Баҳси тағйироти кадрӣ: фармони президент барои даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумон
Вай дар курсии вакили парлумон аз аз ҳавзаи Данғара, Лутфия Абдухолиқзодаро иваз мекунад. Абдухолиқзода дар пайи тағйироти кадрӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи феврали соли равон дар раёсати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ амалӣ кард, ба мақоми муовини вазир таъйин шуда буд.
Интизор меравад, фаъолияти вакилии Гулаҳмадзода аз Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки 24 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе даъват гардидаст, оғоз шавад.
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 63 вакил иборат мебошад, ки дар 5 сол як бор аз тариқи интихоботи умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон доимамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0