Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Тоҷикистон беш аз 15 миллион воя ваксина алайҳи коронавирус дастрас кардааст

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкВакцинация от Covid-19 в Екатеринбурге
Вакцинация от Covid-19 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод, ки аз аввали маъракаи моякӯбӣ ба ҷумҳурӣ чӣ қадар ваксина оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи моякӯбӣ бар зидди бемории коронавирус без аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.
Дар ин бора дафтари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, дар давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи "Модерна", 897 390 воя ваксинаи "Пфайзер" ва 1 002800 воя ваксинаи "АстраЗенека" ворид шуданд.
Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Моякӯбии беш аз 5,2 миллион нафар аз ҷамъият алайҳи коронавирус дар Тоҷикистон
Зикр гардид, ки дар мамлакат аз моҳи январи соли равон эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ оғоз гардид.
"То имрӯз вояи аввали ваксина ба 5 263 527 нафар, вояи дуюм ба 5 158 348 нафар ва вояи сеюм ба 4 104 007 нафар аҳолии кишвар гузаронида шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, охирин бор дар Тоҷикистон 18 феврали соли равон ҳодисаҳои сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда буд.
Тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзур намудани вазъи эпидемиологӣ аз 7 марти соли 2022 режим пӯшидани ниқоб ва маҳдудият дар баргузории тӯй ва ҷашнҳои гуногун бекор карда шуд. Дар баробари ин, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки “тадбирҳои пешгирикунанда ва зидди эпидемиологиро идома диҳанд”, зеро пандемияи коронавирус то ҳол нобуд нашудааст.
Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳоло Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ дар мавриди пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус бо рақами кӯтоҳи телефони 511 амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0