Иштироки варзишгарони тоҷик дар 10 мусобиқа ва чемпионати ҷаҳонӣ то охири сол

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКубок мира по самбо в Москве
Кубок мира по самбо в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Обуна шудан
Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон маълумоти гуфт варзишгарони тоҷик дар чанд мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Варзишгарони тоҷик то охири соли равон дар 10 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷаҳонӣ аз рӯи намудҳои дзюдо, қаиқронӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, варзиши сабук, таэквандо ва бокс иштирок менамоянд, иттилоъ дод Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки варзишгарони тоҷик аз 2 то 9 октябр дар чемпионати ҷаҳони дзюдо, ки дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
“Ҳамзамон аз 21 то 23 октябр варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонии дзюдо -Гран Слам, ки дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд”, хабар додааст Кумита.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, баргузории мусобиқаи бонуфузи Гран Слам то охири соли равон дар дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст, ки варзишгарони тоҷик дар онҳо ширкат менамоянд. Аз ҷумла, баргузории ин мусобиқа аз 4 то 6 ноябр дар Озарбойҷон, 3-4 декабр дар Ҷопон дар назар буда, варзишгарони тоҷик дар онҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.
Сборная Таджикистана по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Қайд гардидааст, ки аз 10 то 18 сентябри соли равон дар Сербия Чемпионати ҷаҳони гӯштини тарзи озод баргузор мегардад, ки варзишгарони мо дар он Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Инчунин 7-16 сентябр дар мусобиқаи байналмилалии бокс, ки дар ИМА баргузор мегардад, варзишгарони тоҷик ширкат намуда, Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, то охири сол чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз рӯи дигар намудҳои варзиш ва варзиши ғайриолимпӣ баргузор мегарданд.
“Вобаста ба ворид гардидани низомномаҳои онҳо Кумита дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дастаи мунтахабро интихоб намуда, ба ин мусобиқаҳо сафарбар менамояд”, - қайд кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0