https://sputnik.tj/20220820/boghi-firdavsii-dushanbe-shohjoiza-ozmuni-1050835619.html
Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявӣ гардид
Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявӣ гардид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат”-ро ҷамъбаст кард
2022-08-20T10:00+0500
2022-08-20T10:00+0500
2022-08-20T10:47+0500
дар тоҷикистон
вазорати фарҳанг
фарҳанг
озмун
фирдавсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/66/1029266679_0:140:2673:1644_1920x0_80_0_0_c2188d43d890552d8c19d599acc1104a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанг.Тибқи иттилои манбаъ, Шоҳҷоизаи озмунро Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор шуд.Инчунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ, “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои дуюм, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ мукофотонида шуданд.Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар миқиёси ҷумҳурӣ 93 боғи фарҳангӣ амал мекунанд.Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат” бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 19 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 тасдиқ шудааст, моҳҳои май-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардид.Дар озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
https://sputnik.tj/20220721/kumitai-memori-bino-parlumon-istiqlol-1050143743.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/66/1029266679_147:0:2526:1784_1920x0_80_0_0_a24feb1c9c849986b762a4f5ac7f473d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, боғи фирдавсӣ, шоҳҷоиза, озмун, вазорати фарҳанг
тоҷикистон, душанбе, боғи фирдавсӣ, шоҳҷоиза, озмун, вазорати фарҳанг
Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявӣ гардид
10:00 20.08.2022 (Навсозишуда: 10:47 20.08.2022) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат”-ро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат” баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанг.
Тибқи иттилои манбаъ, Шоҳҷоизаи озмунро Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор шуд.
Инчунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Дӯстӣ, “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон сазовори ҷои якум гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, боғҳои фарҳангию фароғатии ноҳияи Дарвоз, ноҳияи Данғара ва шаҳри Ваҳдат сазовори ҷои дуюм, боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт, Сайфуддини Исфарангии шаҳри Исфара ва шаҳри Турсунзода сазовори ҷои сеюм дониста шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ мукофотонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар миқиёси ҷумҳурӣ 93 боғи фарҳангӣ амал мекунанд.
Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Гулзори маърифат” бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои банди 19 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2021 тасдиқ шудааст, моҳҳои май-август дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар озмун 93 боғи фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок карда, тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 20 боғи фарҳангию фароғатӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.