https://sputnik.tj/20220820/barguzorii-konferonsi-baynalmilalii-dushanbe-1050836840.html
Баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
2022-08-20T12:25+0500
2022-08-20T12:25+0500
2022-08-20T12:34+0500
душанбе
дар тоҷикистон
конфронс
байналмилалӣ
баргузор
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038795412_0:0:2946:1657_1920x0_80_0_0_4da29c0c6c52057efc84e895ecfaa243.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5–6 октябри соли равон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии баргузор мешавад, иттилоъ додааст Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.Ҳадафи асосии конференсия “Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор” мусоидати дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, маҳсуб мешавад.Ҳамчунин ҳадафи ин конфронс ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.Хабар дода шудааст, барои иштирок дар кори конфронс олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват мешаванд.Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро қабул намуд.
https://sputnik.tj/20220818/dodgoh-oli-kishvar-shsh-dushanbe-1050791220.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/13/1038795412_169:0:2788:1964_1920x0_80_0_0_24baa3b3c522207e425a30f7a2a93fa3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, конфронс, байналмилалӣ, баргузор, об
тоҷикистон, душанбе, конфронс, байналмилалӣ, баргузор, об
Баргузории конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
12:25 20.08.2022 (Навсозишуда: 12:34 20.08.2022) Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳо конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5–6 октябри соли равон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии баргузор мешавад, иттилоъ додааст Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии конференсия “Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор” мусоидати дар ҳалли мушкилоти бехатарии обӣ, таъмини рушди устувор дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим, маҳсуб мешавад.
Ҳамчунин ҳадафи ин конфронс ҳифз ва истифодаи объектҳои обӣ ва гидроэнергетикаву манбаъҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия тавассути тавсеаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот, дониш ва таҷриба мебошад.
Хабар дода шудааст, барои иштирок дар кори конфронс олимону коршиносони соҳаҳои захираҳои об, иншооти гидротехникӣ, гидрометеорология, гидроэнергетика, экология, бехатарии ҳаёт ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин аспирантҳо, докторантҳо (PhD) ва магистрҳо даъват мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро қабул намуд.