Сардори пешини ШКД-и Хоруғ муовини вазир шуд: тафсилоти вазифагирии генералу полковникҳо

© Пресс-служба президента РТМуборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти тағйироти кадриро, ки дар мувофиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд, ироа намуд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаблан сардори ШКД дар шаҳри Хоруғ буд.
Ба иттилои ВУД, ҳамчунин генерал-майор Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Инчунин полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро гирифтааст.
Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Кадровые перестановки в МВД РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон
Дар феҳрасти афроди навтаъйини дигар инчунин Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афроди зерро ном бурд.
полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон;
полковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сангвор;
полковники милитсия Шарифзода Қиёмиддин Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
полковник Абдулҳайзода Шодмон Убайдулло ба вазифаи командири баталиёни таъиноти махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
подполковники милитсия Асрори Искандар Карим ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиёт будаи вилояти Суғд;
майори милитсия Шамсулозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе
подполковники милитсия Мирзозода Рамазон Бозорали ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб;
майор Сафаралиев Мирзоали Шералиевич ба вазифаи командири баталиёни алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3504) Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
майори милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин дар ВКД аз авзои минтақа ва ҷаҳон суҳбат карда, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро таъкид намудаст.
Лентаи хабарҳо
0