https://sputnik.tj/20220813/narkh-piyoz-bozor-kohish-yoft-1050700637.html
Баъди манъи содирот нархи пиёз дар бозорҳо коҳиш ёфт
Баъди манъи содирот нархи пиёз дар бозорҳо коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Манъи содироти пиёз, ҷаҳиши нархи ин навъ маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилиро боз доштааст. Ҳоло коҳишёбии қимати он мушоҳида мешавад
2022-08-13T19:37+0500
2022-08-13T19:37+0500
2022-08-16T18:39+0500
дар тоҷикистон
суғд
кишоварзӣ
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050701813_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_f42833f8efa5a7aba38231a91733c475.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ҳоло назар ба ду ҳафтаи қабл арзиши пиёз вобаста ба сифаташ дар бозор то ба 6-4 сомонӣ поён шудааст, арзиши пиёзи хурдтар 2, 5 сомонӣ аст. Дар моҳи июли соли ҷорӣ арзиши пиёз дар бозорҳои кишвар якбора баланд шуда, марзи 8 сомониро убур кард. Сокинон ба ин ҳад болорафтани нархро бесобиқа хонда, нигарониии худро дар бораи гаронии арзиши маҳсулот дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор намуда буданд. Фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” -и Хуҷанд, ки аз бузургтарин бозорҳои Суғд маҳсуб мешавад, гуфтанд, ки манъи содироти пиёз, роҳи ҷаҳиши нархи ин ин навъ маҳсулоти кишоварзиро боз дошт. Мунаввар Қосимова, яке аз фурӯшандаҳои пиёз дар бозори “Панҷшанбе” зикр намуд, ки қимати ин навъ маҳсулоти кишварзӣ назар ба ду ҳафтаи қабл то 2, 5 сомонӣ поён шудааст. “Ҳоло пиёз вобаста ба сифаташ 5, 4 ва 2, 5 сомонӣ аст. Мо аз деҳқонҳо ба таври яклухт харида, калону миёнаву хурдашро ҷудо мекунем, тоза мекунем ва сари ҳар килои он 20 то 30 дирам монда чакана мефурӯшем. Мо аз ҳамин ҳисоб рӯзи ёфта зиндагӣ мекунем” - иброз намуд, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.Сабзавотфурӯшони дигар бозорҳои Суғд ҳам дар бораи поёншавии нархи пиёз таъкид намуданд. Хариддорону фурӯшандаҳои бозорҳо аз поёнравии нарх хушҳоланд. Вале кишоварзони пиёзпарвари тоҷик мегӯянд, солҳои охир кишти ин навъ зироат хароҷотбортар шудааст. Карим Ҷумъаев, яке аз деҳқонҳо аз ноҳияи Спитамен изҳор намуд, ки соли ҷорӣ нархи нуриҳои минералӣ то дувуним баробар боло рафтааст. "Барои мисол нархи як халта селитара аз 500 сомонӣ ҳам гузашт. Ҳол он, ки соли гузашта ин навъ маводи минералӣ ҳамагӣ 120 – 130 сомонӣ арзиш дошт. Нархи сӯзишворӣ, нархи об, нархи коргари кироя низ баланд шуд. Бар замми ин таъсири тағйирёбии обу ҳаво ба суръати нашъу намои зироят таъсир расонд. Барои мо деҳқонҳо ҳам ҳосил ба осонӣ ва бе харҷи кам ба даст намеояд”, - иброз намуд, деҳқони пиёзпарвар. Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғд дар майдони 3443 га пиёз кишт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 846 га кам будааст. Дастури президент иҷро нагардид: Аҳмадзода гуфт, нархи картошка дар Суғд гарон шуд Яке аз сабабҳои асосии камшавии майдони кишти ин навъ зироатро масъулони соҳа ба номусоидии боду ҳаво ва аз ин ҳисоб дуруст ба даст наовардани ҳосил ва зарари иқтисодии деҳқонҳо рабт медиҳанд. Дар оғози моҳи август мақомоти Идораи гумрук дар бораи манъи содироти пиёз хабар доданд. Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, рӯзи 2 август зимни баргузории нишасти матбуотӣ шарҳ дод, ки ин тасмим ба хотири танзими нарх дар бозорҳои кишвар аст.Бар пояи иттилоъи мақомоти гумрук давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Суғд, 66 ҳазор тон пиёз содирот карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 10 ҳазор тон кам гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220802/sodiroti-piyoz-peshgiri-boloravii-narkh-bozorhoi-dokhili-1050441606.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0d/1050701813_357:0:1797:1080_1920x0_80_0_0_3128670091f81a0883a9fbd0577b35b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх пиёз коҳиш суғд
Баъди манъи содирот нархи пиёз дар бозорҳо коҳиш ёфт
19:37 13.08.2022 (Навсозишуда: 18:39 16.08.2022) Эксклюзив
Манъи содироти пиёз ҷаҳиши нархи ин навъ маҳсули кишоварзӣ дар бозорҳои дохилиро боздоштааст. Ҳоло коҳишёбии қимати он мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Ҳоло назар ба ду ҳафтаи қабл арзиши пиёз вобаста ба сифаташ дар бозор то ба 6-4 сомонӣ поён шудааст, арзиши пиёзи хурдтар 2, 5 сомонӣ аст.
Дар моҳи июли соли ҷорӣ арзиши пиёз дар бозорҳои кишвар якбора баланд шуда, марзи 8 сомониро убур кард. Сокинон ба ин ҳад болорафтани нархро бесобиқа хонда, нигарониии худро дар бораи гаронии арзиши маҳсулот дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор намуда буданд.
Фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” -и Хуҷанд, ки аз бузургтарин бозорҳои Суғд маҳсуб мешавад, гуфтанд, ки манъи содироти пиёз, роҳи ҷаҳиши нархи ин ин навъ маҳсулоти кишоварзиро боз дошт.
Мунаввар Қосимова, яке аз фурӯшандаҳои пиёз дар бозори “Панҷшанбе” зикр намуд, ки қимати ин навъ маҳсулоти кишварзӣ назар ба ду ҳафтаи қабл то 2, 5 сомонӣ поён шудааст.
“Ҳоло пиёз вобаста ба сифаташ 5, 4 ва 2, 5 сомонӣ аст. Мо аз деҳқонҳо ба таври яклухт харида, калону миёнаву хурдашро ҷудо мекунем, тоза мекунем ва сари ҳар килои он 20 то 30 дирам монда чакана мефурӯшем. Мо аз ҳамин ҳисоб рӯзи ёфта зиндагӣ мекунем” - иброз намуд, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Сабзавотфурӯшони дигар бозорҳои Суғд ҳам дар бораи поёншавии нархи пиёз таъкид намуданд.
Хариддорону фурӯшандаҳои бозорҳо аз поёнравии нарх хушҳоланд. Вале кишоварзони пиёзпарвари тоҷик мегӯянд, солҳои охир кишти ин навъ зироат хароҷотбортар шудааст.
Карим Ҷумъаев, яке аз деҳқонҳо аз ноҳияи Спитамен изҳор намуд, ки соли ҷорӣ нархи нуриҳои минералӣ то дувуним баробар боло рафтааст.
"Барои мисол нархи як халта селитара аз 500 сомонӣ ҳам гузашт. Ҳол он, ки соли гузашта ин навъ маводи минералӣ ҳамагӣ 120 – 130 сомонӣ арзиш дошт. Нархи сӯзишворӣ, нархи об, нархи коргари кироя низ баланд шуд. Бар замми ин таъсири тағйирёбии обу ҳаво ба суръати нашъу намои зироят таъсир расонд. Барои мо деҳқонҳо ҳам ҳосил ба осонӣ ва бе харҷи кам ба даст намеояд”, - иброз намуд, деҳқони пиёзпарвар.
Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғд дар майдони 3443 га пиёз кишт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 846 га кам будааст.
Яке аз сабабҳои асосии камшавии майдони кишти ин навъ зироатро масъулони соҳа ба номусоидии боду ҳаво ва аз ин ҳисоб дуруст ба даст наовардани ҳосил ва зарари иқтисодии деҳқонҳо рабт медиҳанд.
Дар оғози моҳи август мақомоти Идораи гумрук дар бораи манъи содироти пиёз хабар доданд. Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, рӯзи 2 август зимни баргузории нишасти матбуотӣ шарҳ дод, ки ин тасмим ба хотири танзими нарх дар бозорҳои кишвар аст.
"Таъмини талалаботи бозорҳои кишвар ба ҳар намуд молу маҳсулот аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳлил карда мешавад. Ба хотири таъмини бозорҳои дохилӣ ва танзими нархи маҳсулот ҳоло содироти пиёз манъ шудааст”, - гуфт, Маҳмадиев.
Бар пояи иттилоъи мақомоти гумрук давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳудуди вилояти Суғд, 66 ҳазор тон пиёз содирот карда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 10 ҳазор тон кам гуфта мешавад.