https://sputnik.tj/20220819/fasli-zimistoni-taqdirsoz-kiev-raqobat-qudrat-1050830099.html
Фасли зимистони тақдирсоз: дар Киев рақобат барои гирифтани қудрат оғоз шуд
Фасли зимистони тақдирсоз: дар Киев рақобат барои гирифтани қудрат оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо фарорасии фасли зимистон вазъи сиёсии ва иҷтимоии Украина бадтар мешавад. Мардум ва мухолифони Зеленский з саркӯбиҳои ӯ хаста шудаанд
2022-08-19T19:50+0500
2022-08-19T19:50+0500
2022-08-19T21:27+0500
украина
аврупо
киев
владимир зеленский
дар ҷаҳон
вазъ
сиёсӣ
иҷтимоӣ
мушкилот
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048963338_0:0:512:289_1920x0_80_0_0_fe012c71f27e2659cfe4ddf901fc1975.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik, Михаил Катков. Мухолифони Украина алайҳи Владимир Зеленский муттаҳид мешаванд, зеро онҳо аз саркӯбиҳои ӯ хаста шудаанд. Дар фасли зимистон, вақте мақомот дар гарм кардани хонаҳои мардум ноком мешаванд, мумкин дар ин кишвар буҳрони густурдаи сиёсӣ ба вуҷуд ояд.Нафари аввал рафтВиталий Кличко, шаҳрдори Киев, воқеан, аз рафтани худ ба мухолифин хабар дод. Вай гуфт, ки ӯ аллакай ба кумаки хориҷӣ муроҷиат кардааст: бародари Владимир бо Ҳукумати Олмон масъалаҳои башардӯстонаро самаранок ҳал мекунанд. Муштзани собиқ рейтинги эътимоди шахсии худро 63 дарсад ва Ҳизби УДАР-ашро 31 дарсад арзёбӣ кардааст. Вай бовар дорад, ки маҳз ӯ буд, ки пойтахтро аз муҳосира наҷот дод.Ба гуфтаи Кличко, ӯ аз амалиёти вижаи Русия огоҳ буд, аз ин рӯ ба амалиёти низомӣ омодагӣ гирифта буд. Вай мардумро ба як муқовимати тӯлонӣ омода кард, дар ҳоле ки оқои Зеленский ваъда дода буд, украиниҳо дар моҳи май “кабоб” хоҳанд кард. Қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон аз он хашмгин буд, ки русҳо аз касе пинҳон нашуда, дар Беларус машқ карда, сипас тақрибан бидуни муқовимат ба Киев расиданд ва мақомот ҳеҷ коре карда натавонистанд.Кличко дар бораи задухӯрдҳо дар атрофи пойтахти Украина гуфт, бархе аз афроди Зеленский фирор кардаанд. Илова бар ин раисҷумҳур роҳбари маъмурияти низомии худро дар Киев таъйин кард, аммо раиси шаҳр то ҳол ҳама масъалаҳоро дар ихтиёр дорад. Вай дигар гуна кор карда наметавонад, зеро ӯро мардум интихоб кардааст.Бо вуҷуди ин Зеленский нахост, Кличко ба нишасти НАТО, ки дар Мадрид сурат гирифт, биравад ва дафтари президент ҳамагӣ ду бор бо ӯ тамос гирифт. Сарвазир Денис Шмигал низ ӯро сарфи назар мекунад. Аз сӯи дигар Андрей Ермак, раиси дастгоҳи Зеленский, ки Конгресси мақомоти маҳаллӣ ва минтақавиро раҳбарӣ мекунад, талош дорад, тамоми шаҳрҳои Украинаро ба марказ тобеъ гардонад. Дар навбати худ Кличко ба ҳайси раиси Ассотсиатсияи шаҳрҳои Украина ҷонибдори худидоракунӣ мебошад.Вай ҳамчунин зикр кард, дастаи Зеленский ба ӯ таҳдид кардааст, ки ба далели шиносномаи олмонӣ доштанаш ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум хоҳанд кард. Сабаби ин кашмакашҳо даъвати муштзани собиқ барои баргардонидани санадҳо ба сардори маъмурияти ҳарбӣ-граждании Днепр Геннадий Корбан буд: вай ба хориҷа рафт, аммо баргашта натавонист. Ҳамин тариқ Дастгоҳи президент ӯро барои паҳн кардани овозаҳо дар бораи нодуруст истифода бурдани қарзҳои ғарбӣ аз сӯйи Ермак ҷазо дод.Корбан шахсе аз доираи наздики Игор Коломойский аст, ки бо шаҳрвандӣ низ мушкил дорад. Дар соли 2019 расонаҳо хабар доданд, ки соҳибкор қасд дорад, аз раҳбарони Донбасс, Днепр, Запороже, Одесса, Харков ва дигар минтақаҳо "ҳизби раисони шаҳр" таъсис диҳад. Бо дарназардошти он ки Кличко худидоракуниро ба ёд овардааст, шояд ӯ ба эҳёи лоиҳа манфиатдор бошад.Саргузаштҳои ПорошенкоПрезиденти собиқ, ки бузургтарин фраксияи мухолифинро дар парлумон (“Ҳамраъйӣ ба Аврупо”) дорад, бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо робитаҳои қавӣ барқарор кардааст. Аз ҷиҳати назариявӣ ӯ метавонад бо Кличко созиш кунад. Дар ниҳоят дар соли 2015 онҳо аллакай муттаҳид шуда буданд, ин иттиҳод ҳарчанд дер давом накард.То ҳол шонси бозгашти Порошенко ба курсии президентӣ кам аст. Вай ҳатто бе мушкилот ба хориҷа рафта наметавонад ва вақте ки ӯ ба Аврупо мерасад, ҷосусони Зеленский талош мекунанд, ҳарчи бештар аснод ҷамъ кунанд.Нафарони сарвари собиқи давлат низ оддӣ нестанд. Ҳамин тавр вакили Ҳизби “Хизматгорони халқ”-и Зеленский Маряна Безуглая аз Шӯрои амнияти Украина талаб кард, фаъолияти шабакаи ихтиёриён ва сиёсатмадорони лагери президенти собиқро, ки ба андешаи ӯ, талош доранд, раҳбарияти кишварро пароканда кунанд, бисанҷад. Гуфта мешавад, онҳо талош мекунанд, ки ҳама муваффақиятҳоро ба фармондеҳии артиш ва нокомиро ба Зеленский нисбат диҳанд. Онҳо бар онанд, ки ин корро ба манфиати Маскав мекунанд.Раёсат хабар дод, ки як ҳизби сиёсии Украина бо истифода аз аккаунтҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аудиторияи тақрибан 400-ҳазорнафарӣ маълумотеро паҳн кардааст, ки бояд миёни Зеленский ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний ихтилофот ба вуҷуд меоварданд.Зимистон меоядМатбуоти Украина хашмгин аст: дар шароити амалиёти махсус Зеленский ҳама гуна фаъолияти мухолифинро бо кумак ба душман баробар мекунад. Фақат ҳомиёни ғарбӣ “мухолифон”-и ӯро аз саркӯбҳои ҳамаҷониба нигоҳ медоранд. Аммо "Платформаи мухолифин - барои ҳаёт" чунин ҳомӣ надошт, аз ин рӯ зуд мамнуъ шуд. Яке аз раҳбарони он Виктор Медведчук бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан ба зиндон фиристода шуд. Порошенко, ки дар ҳамин парванда гумонбар дониста мешавад, дар озодӣ қарор дорад.Сиёсатшинос Ростислав Ишенко мутмаин аст, ки Кличко саркашии худро ба далели таҳдид аз сӯйи дастгоҳи раисҷумҳур барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ анҷом додааст.“Зеленский кайҳо боз мехоҳад роҳбари Киевро иваз намояд ва одами худашро гузорад. Ба сабаби амалиёти Русия иқтисоди Украина ба таври назаррас коҳиш ёфт ва ин боз ҳам муҳимтар шуд, зеро пойтахт ҷои нон аст. Кличко талош дорад, диққатро ба худ ҷалб кунад, то аз худ дифоъ кунад”, - мегӯяд коршинос.Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо фаро расидани ҳавои сард вазъи сиёсӣ дар Украина бадтар мешавад. Мақомот пинҳон намедоранд, ки мавсими гармидиҳиро таъмин карда наметавонанд. "Бештари сиёсатмадорон аз муошират бо сарфармондеҳи олӣ худдорӣ мекунанд. То зимистон вазъ ба таври қобили мулоҳиза бадтар мешавад. Кличко намехоҳад, ки масъулияти хонаҳои сардро ба дӯш гирад ва кӯшиш мекунад, ки онро ба дӯши президент гузорад", - гуфт коршиноси сиёсӣ Александр Дудчак.Дар ин замина рӯҳияи эътирозҳо шадидтар мешавад ва Зеленский минбаъд қудратро дар дасти худ мутамарказ хоҳад кард ва мухолифин аз худ дифоъ мекунанд, аз ҷумла муттаҳид мешаванд.Новобаста аз он ки мухолифони Зеленский ба ҳамла мераванд ё не, онҳо табаддулоти давлатӣ ташкил мекунанд ё на, аз кураторҳои ғарбӣ вобастаанд. Тавре Дудчак тавзеҳ медиҳад, бидуни ризоияти онҳо ҳеҷ кас иқдом намекунад, зеро дар ин ҳолат ИМА ва ИА метавонанд аз додани қарз, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ даст кашанд.
https://sputnik.tj/20220818/sheva-tabdil-ukraina-kamikadze-1050800443.html
https://sputnik.tj/20220817/putin-haq-qat-kumak-gharb-ukraina-1050775964.html
https://sputnik.tj/20220816/senator-rus-ukraina-kujo-anjom-1050747215.html
https://sputnik.tj/20220720/kurgireh-ukraina-ima-intikhob-shikast-jang-1050128341.html
украина
аврупо
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048963338_21:0:425:303_1920x0_80_0_0_f1cabc980c0970d2b96ec2fdbb654348.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, зимистон, зеленский, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мардум, мушкил, киев, рақобат, қудрат
украина, зимистон, зеленский, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, мардум, мушкил, киев, рақобат, қудрат
Фасли зимистони тақдирсоз: дар Киев рақобат барои гирифтани қудрат оғоз шуд
19:50 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:27 19.08.2022) Бо фарорасии фасли зимистон вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Украина бадтар мешавад. Мардум ва мухолифони Зеленский аз саркӯбиҳои ӯ хаста шудаанд
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik, Михаил Катков. Мухолифони Украина алайҳи Владимир Зеленский муттаҳид мешаванд, зеро онҳо аз саркӯбиҳои ӯ хаста шудаанд. Дар фасли зимистон, вақте мақомот дар гарм кардани хонаҳои мардум ноком мешаванд, мумкин дар ин кишвар буҳрони густурдаи сиёсӣ ба вуҷуд ояд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, воқеан, аз рафтани худ ба мухолифин хабар дод. Вай гуфт, ки ӯ аллакай ба кумаки хориҷӣ муроҷиат кардааст: бародари Владимир бо Ҳукумати Олмон масъалаҳои башардӯстонаро самаранок ҳал мекунанд. Муштзани собиқ рейтинги эътимоди шахсии худро 63 дарсад ва Ҳизби УДАР-ашро 31 дарсад арзёбӣ кардааст. Вай бовар дорад, ки маҳз ӯ буд, ки пойтахтро аз муҳосира наҷот дод.
Ба гуфтаи Кличко, ӯ аз амалиёти вижаи Русия огоҳ буд, аз ин рӯ ба амалиёти низомӣ омодагӣ гирифта буд. Вай мардумро ба як муқовимати тӯлонӣ омода кард, дар ҳоле ки оқои Зеленский ваъда дода буд, украиниҳо дар моҳи май “кабоб” хоҳанд кард. Қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон аз он хашмгин буд, ки русҳо аз касе пинҳон нашуда, дар Беларус машқ карда, сипас тақрибан бидуни муқовимат ба Киев расиданд ва мақомот ҳеҷ коре карда натавонистанд.
Кличко дар бораи задухӯрдҳо дар атрофи пойтахти Украина гуфт, бархе аз афроди Зеленский фирор кардаанд. Илова бар ин раисҷумҳур роҳбари маъмурияти низомии худро дар Киев таъйин кард, аммо раиси шаҳр то ҳол ҳама масъалаҳоро дар ихтиёр дорад. Вай дигар гуна кор карда наметавонад, зеро ӯро мардум интихоб кардааст.
Бо вуҷуди ин Зеленский нахост, Кличко ба нишасти НАТО, ки дар Мадрид сурат гирифт, биравад ва дафтари президент ҳамагӣ ду бор бо ӯ тамос гирифт. Сарвазир Денис Шмигал низ ӯро сарфи назар мекунад. Аз сӯи дигар Андрей Ермак, раиси дастгоҳи Зеленский, ки Конгресси мақомоти маҳаллӣ ва минтақавиро раҳбарӣ мекунад, талош дорад, тамоми шаҳрҳои Украинаро ба марказ тобеъ гардонад. Дар навбати худ Кличко ба ҳайси раиси Ассотсиатсияи шаҳрҳои Украина ҷонибдори худидоракунӣ мебошад.
Вай ҳамчунин зикр кард, дастаи Зеленский ба ӯ таҳдид кардааст, ки ба далели шиносномаи олмонӣ доштанаш ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум хоҳанд кард. Сабаби ин кашмакашҳо даъвати муштзани собиқ барои баргардонидани санадҳо ба сардори маъмурияти ҳарбӣ-граждании Днепр Геннадий Корбан буд: вай ба хориҷа рафт, аммо баргашта натавонист. Ҳамин тариқ Дастгоҳи президент ӯро барои паҳн кардани овозаҳо дар бораи нодуруст истифода бурдани қарзҳои ғарбӣ аз сӯйи Ермак ҷазо дод.
Корбан шахсе аз доираи наздики Игор Коломойский аст, ки бо шаҳрвандӣ низ мушкил дорад. Дар соли 2019 расонаҳо хабар доданд, ки соҳибкор қасд дорад, аз раҳбарони Донбасс, Днепр, Запороже, Одесса, Харков ва дигар минтақаҳо "ҳизби раисони шаҳр" таъсис диҳад. Бо дарназардошти он ки Кличко худидоракуниро ба ёд овардааст, шояд ӯ ба эҳёи лоиҳа манфиатдор бошад.
Президенти собиқ, ки бузургтарин фраксияи мухолифинро дар парлумон (“Ҳамраъйӣ ба Аврупо”) дорад, бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо робитаҳои қавӣ барқарор кардааст. Аз ҷиҳати назариявӣ ӯ метавонад бо Кличко созиш кунад. Дар ниҳоят дар соли 2015 онҳо аллакай муттаҳид шуда буданд, ин иттиҳод ҳарчанд дер давом накард.
То ҳол шонси бозгашти Порошенко ба курсии президентӣ кам аст. Вай ҳатто бе мушкилот ба хориҷа рафта наметавонад ва вақте ки ӯ ба Аврупо мерасад, ҷосусони Зеленский талош мекунанд, ҳарчи бештар аснод ҷамъ кунанд.
Нафарони сарвари собиқи давлат низ оддӣ нестанд. Ҳамин тавр вакили Ҳизби “Хизматгорони халқ”-и Зеленский Маряна Безуглая аз Шӯрои амнияти Украина талаб кард, фаъолияти шабакаи ихтиёриён ва сиёсатмадорони лагери президенти собиқро, ки ба андешаи ӯ, талош доранд, раҳбарияти кишварро пароканда кунанд, бисанҷад. Гуфта мешавад, онҳо талош мекунанд, ки ҳама муваффақиятҳоро ба фармондеҳии артиш ва нокомиро ба Зеленский нисбат диҳанд. Онҳо бар онанд, ки ин корро ба манфиати Маскав мекунанд.
Раёсат хабар дод, ки як ҳизби сиёсии Украина бо истифода аз аккаунтҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аудиторияи тақрибан 400-ҳазорнафарӣ маълумотеро паҳн кардааст, ки бояд миёни Зеленский ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Украина Валерий Залужний ихтилофот ба вуҷуд меоварданд.
Матбуоти Украина хашмгин аст: дар шароити амалиёти махсус Зеленский ҳама гуна фаъолияти мухолифинро бо кумак ба душман баробар мекунад. Фақат ҳомиёни ғарбӣ “мухолифон”-и ӯро аз саркӯбҳои ҳамаҷониба нигоҳ медоранд. Аммо "Платформаи мухолифин - барои ҳаёт" чунин ҳомӣ надошт, аз ин рӯ зуд мамнуъ шуд. Яке аз раҳбарони он Виктор Медведчук бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан ба зиндон фиристода шуд. Порошенко, ки дар ҳамин парванда гумонбар дониста мешавад, дар озодӣ қарор дорад.
Сиёсатшинос Ростислав Ишенко мутмаин аст, ки Кличко саркашии худро ба далели таҳдид аз сӯйи дастгоҳи раисҷумҳур барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ анҷом додааст.
“Зеленский кайҳо боз мехоҳад роҳбари Киевро иваз намояд ва одами худашро гузорад. Ба сабаби амалиёти Русия иқтисоди Украина ба таври назаррас коҳиш ёфт ва ин боз ҳам муҳимтар шуд, зеро пойтахт ҷои нон аст. Кличко талош дорад, диққатро ба худ ҷалб кунад, то аз худ дифоъ кунад”, - мегӯяд коршинос.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки бо фаро расидани ҳавои сард вазъи сиёсӣ дар Украина бадтар мешавад. Мақомот пинҳон намедоранд, ки мавсими гармидиҳиро таъмин карда наметавонанд. "Бештари сиёсатмадорон аз муошират бо сарфармондеҳи олӣ худдорӣ мекунанд. То зимистон вазъ ба таври қобили мулоҳиза бадтар мешавад. Кличко намехоҳад, ки масъулияти хонаҳои сардро ба дӯш гирад ва кӯшиш мекунад, ки онро ба дӯши президент гузорад", - гуфт коршиноси сиёсӣ Александр Дудчак.
Дар ин замина рӯҳияи эътирозҳо шадидтар мешавад ва Зеленский минбаъд қудратро дар дасти худ мутамарказ хоҳад кард ва мухолифин аз худ дифоъ мекунанд, аз ҷумла муттаҳид мешаванд.
Новобаста аз он ки мухолифони Зеленский ба ҳамла мераванд ё не, онҳо табаддулоти давлатӣ ташкил мекунанд ё на, аз кураторҳои ғарбӣ вобастаанд. Тавре Дудчак тавзеҳ медиҳад, бидуни ризоияти онҳо ҳеҷ кас иқдом намекунад, зеро дар ин ҳолат ИМА ва ИА метавонанд аз додани қарз, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ даст кашанд.