Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сенатори рус гуфт, амалиёт дар Украина бояд дар куҷо анҷом ёбад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПервый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по международным делам Владимир Джабаров , архивное фото
Первый заместитель председателя комитета Совета Федерации РФ по международным делам Владимир Джабаров , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Амалиёти низомӣ дар Украина бояд дар марзҳои ғарбии ин кишвар анҷом дода шавад, чун дар акси ҳол хатарҳо боқӣ хоҳанд монд, гуфт сенатори Русия
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳар минтақаи Украина, ки мавриди нозизудоӣ ва ғайринизомисозӣ қарор намегирад, ҳамчун макони татбиқи аҳдофи зидди Русия истифода хоҳад шуд, изҳор дошт ноиби аввали Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Федератсия, Владимир Ҷабборов.
"Миинтақаҳои Украина, ки аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозӣ канор мемонад, як лоиҳаи зидди Русия боқӣ хоҳад монд. Силоҳҳои марговар аз кишварҳои НАТО интиқол дода хоҳанд шуд, гурӯҳҳои диверсионӣ ва террористӣ ба минтақаҳои озодшуда интиқол меёбанд", - навишт ӯ дар саҳифааш дар "Telegram".
Ҷабборов бо таъкиди ин нукта изҳор дошт, ки аз ин метавон хулоса кард, ки амалиёти низомӣ бояд дар марзҳои ғарбии Украина анҷом ёбад.
"Амалиёти махсуси низомӣ бояд дар марзҳои ғарбии Украина бо пирӯзӣ ба анҷом расад", - таъкид кард сенатор.
Вай муҳим хонд, ки Русия бояд якбора мардуми Украинаро аз режими хунини миллатгаро дар Киев наҷот диҳад. Дар он сурат минтақаҳои озодшуда ояндаи худро мустақилона бар асоси иродаи халқ ҳал хоҳанд кард.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Толибон ваъда додаанд, ки аз интиқоли террористҳо ба Украина пешгирӣ мекунанд
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0