Дабири кулли НАТО рӯйдодҳои Афғонистонро як фоҷиа барои ин эътилоф хонд

© Sputnik / Alexey Vitvitskiy / Гузариш ба медиабонкСаммит НАТО в Брюсселе
Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Дабири НАТО мегӯяд, вазъи Афғонистон баъд аз омадани толибон на танҳо барои афғонистониҳо, балки барои кулли кишварҳои узви НАТО ба як трожедӣ табдил гаштааст
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО изҳор дошт, ки вазъияти Афғонистон як сол пас аз рӯй кор омадани толибон на танҳо барои сокинони ин кишвар, балки барои кишварҳои узви паймони Атлантики шимолӣ, ки талош карданд ба эҷоди як кишвари босуботу демократик кумак кунанд, ба як трожедӣ табдил шудааст.
Вай дар як конфаронси матбуотӣ дар Бруксел гуфт, мо шоҳиди як трожедӣ воқеӣ дар Афғонистон барои мардуми ин кишвар ба вижаи занон афғон ҳастем .
“Дар як соли гузашта, мо шоҳиди як ақабгардии шадид будаем. Ин на танҳо барои Афғонистон, балки барои муттаҳидону шуракои мо, ки корҳои зиёде барои як Афғонистони сулҳомезу демократик анҷом додаанд, як трожедӣ аст", - изҳор дошт дабири кулли НАТО.
Ба гуфта вай, Амрико ва кишварҳои НАТО, ки ба Афғонистон омаданд, тавонистанд бо тероризм муқобила кунанд, аммо ба вазифаи баландпарвозонитар сохтани як кишвари озоду демократик амал накарданд.
Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Макрон санади узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО-ро имзо кард
Оқои Столтенберг гуфт: "мо бояд аз ончӣ дар ин солҳо дар Афғонистон рух дода дарсҳои сахте бигирем".
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи августи 2021 толибони ҳамалоти худ алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистонро афзоиш доданд.
15 августи соли гузашта нерӯҳои ин гурӯҳи ворид шаҳри Кобул шуданду назорати Кохи раёсатҷумҳуриро ба даст гирифтанд. Сипас гузориш шуд Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон кишварро тарк кардааст.
Бомдоди 16 августи соли 2021 толибон эълом карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расида аст ва шакли ҳукумати ояндаи Афғонистон ба зудӣ мушаххас хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0