Макрон санади узвияти Финландия ва Шветсия дар НАТО-ро имзо кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЭммануэль Макрон
Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Фаронса протоколҳои узвияти Шветсияву Финландия дар НАТО-ро бо ҳадафи тақвияти амнияти ин ду кишвар ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса пас аз Ҷо Байден, роҳбари Амрико низ протоколҳои пайвастани Финландия ва Шветсия ба НАТО-ро имзо кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Мақомоти Фаронса дар баёнияе бо эъломи ин хабар гуфаст, ки ин интихоби мустақил аз сӯи Финландия ва Шветсия, ду шарики аврупоии мо амнияти онҳо дар баробари таҳдиди кунунӣ дар ҳамсоягии онҳоро тақвият хоҳад кард.
Парлумони миллии Фаронса низ 2 августи соли равон бо тасвиби мувофиқатномаи пазириши Финландия ва Шветсия дар НАТО бо 209 раъйи мувофиқ ва 46 раъйи мухолиф мувофиқат кард.
Флаг НАТО на фоне флагов стран-участниц Альянса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Амалиёти махсуси НАТО дар Сербистон то сентябр мавқуф гузошта шуд
Раъйгирӣ дар порлумони Фаронса пас аз тасвиби ин санад дар моҳи июл тавассути Сенати Фаронса анҷом шуд.
Тибқи ин гузориш то кунун 23 кишвар аз 30 узви НАТО дархостҳои Шветсия ва Финландияро барои узвият дар паймони атлантики Шимлӣ таъйид карданд.
Баъд аз имзои протоколҳои пайвастани Шветсияву Финландия ин мавзӯ барои тасвиб ба ҳамаи кишварҳои узви НАТО ирсол мешавад то онҳо тибқи қавонини дохилии худ пайвастани Шветсияву Финландия ба НАТО-ро тасвиб кунанд.
Лентаи хабарҳо
0