https://sputnik.tj/20220817/vazir-tolibho-munosibot-rasmi-1050767816.html
Вазири толибҳо гуфт, бо 16 давлат муносиботи расмӣ барқарор кардаанд
Вазири толибҳо гуфт, бо 16 давлат муносиботи расмӣ барқарор кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати толибҳо тавзеҳ надод, ки мушахассан бо кадом давлатҳо муносиботи расмиро барқарор намудаанд
2022-08-17T11:40+0500
2022-08-17T11:40+0500
2022-08-17T12:56+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
толиб
муносибот
расмӣ
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Толибҳо тайи як соли ҳукуматдорияшон дар Кобул тавонистаанд бо 16 давлати дунё муносиботи расмӣ қарор созанд, хабар додааст Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар суҳбат бо "Al Jazeera"Sputnik Афғонистон бо овардани иқтибос аз ин суҳбат, таъкид намудаст, ки вазири ҳукумати ҷадид номбар накардааст, ки кадом давлатҳоро дар назар дорад. Манбаъ афзуд, ки Суҳайл Шоҳин, намояндаи таъйиншудаи толибҳо дар СММ дар шарҳи ин иддао ба РИА "Новости" гуфтаст, гап дар мавриди давлатҳое меравад, ки дипломатҳои толибҳоро қабул кардаанд. Феълан ҳадди ақал дар мавриди 5 давлат - Эрон, Русия, Туркманистон, Чин ва Покистон иттилоъ расонаӣ шудааст, ки дипломати фиристодаи толибҳоро қабул кардаанд. Мутаққӣ изҳор доштааст, ки тайи муддати ҳукуматдорияш дар Кобул, аз Афғонистон ҳайати 50 давлати дунё боздид кардааст. Вай дар мавриди ҳуқуқи занон ба кор зикр намудаст, ки феълан дар бахши тандурустӣ 14 ҳазор зан ба кор ҷалб гардида, ҳудуди 92 ҳазор нафари дигар дар бахшҳои дигар, аз ҷумла маориф фаъолият доранд. Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд. Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220331/maskav-diplomat-tolibon-mujavviz-1047218765.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толиб, муносибот, расмӣ, давлат, барқарор
толиб, муносибот, расмӣ, давлат, барқарор
Вазири толибҳо гуфт, бо 16 давлат муносиботи расмӣ барқарор кардаанд
11:40 17.08.2022 (Навсозишуда: 12:56 17.08.2022) Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати толибҳо тавзеҳ надод, ки мушахассан бо кадом давлатҳо муносиботи расмӣ барқарор намудаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Толибҳо тайи як соли ҳукуматдорияшон дар Кобул тавонистаанд бо 16 давлати дунё муносиботи расмӣ қарор созанд, хабар додааст Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии ҳукумати нав дар Афғонистон дар суҳбат бо "Al Jazeera"
Sputnik Афғонистон бо овардани иқтибос аз ин суҳбат, таъкид намудаст, ки вазири ҳукумати ҷадид номбар накардааст, ки кадом давлатҳоро дар назар дорад.
Манбаъ афзуд, ки Суҳайл Шоҳин, намояндаи таъйиншудаи толибҳо дар СММ дар шарҳи ин иддао ба РИА "Новости" гуфтаст, гап дар мавриди давлатҳое меравад, ки дипломатҳои толибҳоро қабул кардаанд.
Феълан ҳадди ақал дар мавриди 5 давлат - Эрон, Русия, Туркманистон, Чин ва Покистон иттилоъ расонаӣ шудааст, ки дипломати фиристодаи толибҳоро қабул кардаанд.
Мутаққӣ изҳор доштааст, ки тайи муддати ҳукуматдорияш дар Кобул, аз Афғонистон ҳайати 50 давлати дунё боздид кардааст.
Вай дар мавриди ҳуқуқи занон ба кор зикр намудаст, ки феълан дар бахши тандурустӣ 14 ҳазор зан ба кор ҷалб гардида, ҳудуди 92 ҳазор нафари дигар дар бахшҳои дигар, аз ҷумла маориф фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.