https://sputnik.tj/20220331/maskav-diplomat-tolibon-mujavviz-1047218765.html
Лавров аз оғози маъмурияти нахустин дипломати ҳукумати толибон дар Русия хабар дод
Лавров аз оғози маъмурияти нахустин дипломати ҳукумати толибон дар Русия хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба аввалин дипломати ҳукумати толибон аккредитатсия ва ё парвонаи кор дод
2022-03-31T11:03+0500
2022-03-31T11:03+0500
2022-03-31T13:46+0500
дар русия
толибон
афғонистон
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046928332_0:151:3105:1898_1920x0_80_0_0_a7d52de7949a04b5720d7c93b2b98ee6.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати толибон, ки моҳи гузашта ба Русия омада буд, аккредитатсия дод. Вай қайд кард, "бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш ҳукумати нави Афғонистон дар маҷмуъ тавонистааст, ки давлатро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад".Мавсуф гуфт, дар самти мубориза бо терроризм натиҷаҳои муайяни мусбӣ ба даст омадаанд, дар самти риояи ҳуқуқи инсон кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд ва Кобул барои густариши робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъолона кор мекунад. "Мо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақаро, ки сохторҳои тиҷорӣ ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, мушоҳида мекунем. Ҳамаи ин робитаҳо, бешубҳа, ба эътирофи байналмилалии мақомоти нави афғон мусоидат мекунанд”, - гуфт Лавров.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳоАвоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд. Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.Аммо бо гузашти ҳашт моҳ ягон давлате ин гуруҳро ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220330/didboni-huquqi-bashar-mani-safari-tolibon-1047200036.html
https://sputnik.tj/20220328/smm-tolibon-dukhtaron-tahsil-1047128095.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/13/1046928332_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_f2e310449c21ffe121957c417a9a9959.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав дипломат толибон аккредитатсия
маскав дипломат толибон аккредитатсия
Лавров аз оғози маъмурияти нахустин дипломати ҳукумати толибон дар Русия хабар дод
11:03 31.03.2022 (Навсозишуда: 13:46 31.03.2022) Вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба аввалин дипломати ҳукумати толибон аккредитатсия ё парвонаи кор дод
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати толибон, ки моҳи гузашта ба Русия омада буд, аккредитатсия дод.
"Мехоҳам қайд намоям, аввалин дипломати афғон, ки моҳи гузашта ба Маскав омада буд ва аз ҷониби мақомоти нав фиристода шудааст, дар вазорати мо аккредитатсия гирифт", - гуфт Лавров зимни суханронӣ дар конфронси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон.
Вай қайд кард, "бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш ҳукумати нави Афғонистон дар маҷмуъ тавонистааст, ки давлатро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад".
Мавсуф гуфт, дар самти мубориза бо терроризм натиҷаҳои муайяни мусбӣ ба даст омадаанд, дар самти риояи ҳуқуқи инсон кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд ва Кобул барои густариши робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъолона кор мекунад.
"Мо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақаро, ки сохторҳои тиҷорӣ ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, мушоҳида мекунем. Ҳамаи ин робитаҳо, бешубҳа, ба эътирофи байналмилалии мақомоти нави афғон мусоидат мекунанд”, - гуфт Лавров.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо
Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Аммо бо гузашти ҳашт моҳ ягон давлате ин гуруҳро ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта мешавад.