https://sputnik.tj/20220817/tasmim-turkiya-barqarorsozi-munosiboti-diplomati-isroil-1050778832.html
Тасмими Туркия барои барқарорсозии муносиботи дипломатӣ бо Исроил
Тасмими Туркия барои барқарорсозии муносиботи дипломатӣ бо Исроил
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Исроил аз тасмими мақомоти Туркия барои эҳёи равобити дипломатӣ истиқбол карда, изҳори умед намудаст, ки ба фоидаи ҳарду ҷониб хоҳад буд
2022-08-17T18:31+0500
2022-08-17T18:31+0500
2022-08-17T20:05+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
равобити дипломатӣ
исроил
туркия
барқарор кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:0:3015:1696_1920x0_80_0_0_3b499f7f3661d6737fd46c4a5c793211.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Туркия тасмим гирифтаст, ки сафири худро дар Исроил таъйин кунаду равобити дипломатиро бо ин кишвар барқарор намояд. Дар ин бора Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд барои ҳарду ҷониб муваффақ хоҳад шуд.Исхак Герсог, президенти Исроил низ аз эҳёи муносиботи дипломатӣ бо Туркия истиқбол намуда, изҳор доштааст, ки он барои таҳкими дӯстию тиҷорат миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. "Ин як рӯйдоди муҳиме хоҳад буд, ки равобити иқтисодӣ, сайёҳии мутақобила ва дӯстии байни халқҳои Исроилу Туркияро таҳким мебахшад. Муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва рӯҳияи шарикӣ дар Ховари Миёна барои ҳамаи мо муҳим аст", - таъкид намудаст президент. Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои Исроилу Туркия дар соли 2010 пас аз ғасби киштии Туркия аз сӯи нерӯҳои вижаи исроилӣ дар роҳ ба навори Ғазза бад шудан гирифт. Моҳи майи соли 2018 Анкара пас аз эътирозҳо дар навори Ғазза дар пасманзари 70-умин солгарди таъсиси Исроил ва интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас аз сафири Исроил дар Туркия даъват кард, кишварро тарк кунад. Он замон дар задухӯрдҳо 59 фаластинӣ кушта, беш аз 2,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220715/abbos-etirofi-falastin-subot-mintaqa-1050024225.html
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102091/76/1020917674_0:120:2427:1940_1920x0_80_0_0_61586e6c83c6e116ccafa52163dbf4a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасмим, туркия, эҳё, равобит, дипломат, исроил
тасмим, туркия, эҳё, равобит, дипломат, исроил
Тасмими Туркия барои барқарорсозии муносиботи дипломатӣ бо Исроил
18:31 17.08.2022 (Навсозишуда: 20:05 17.08.2022) Раҳбарияти Исроил аз тасмими мақомоти Туркия барои эҳёи равобити дипломатӣ истиқбол карда, изҳори умед намудааст, ки ин иқдом ба фоидаи ҳар ду ҷониб хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Туркия тасмим гирифтаст, ки сафири худро дар Исроил таъйин кунаду равобити дипломатиро бо ин кишвар барқарор намояд.
Дар ин бора Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Тасмим дар бораи таъйини сафир дар Исроил гирифта шуд ва аз ҷониби Исроил низ дар ин замина посухи мусбат раисд. Ба зудӣ номзади мо ба раисиҷумҳур пешниҳод хоҳад шуд", - гуфт дипломати турк.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ин раванд барои ҳарду ҷониб муваффақ хоҳад шуд.
Исхак Герсог, президенти Исроил низ аз эҳёи муносиботи дипломатӣ бо Туркия истиқбол намуда, изҳор доштааст, ки он барои таҳкими дӯстию тиҷорат миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
"Ин як рӯйдоди муҳиме хоҳад буд, ки равобити иқтисодӣ, сайёҳии мутақобила ва дӯстии байни халқҳои Исроилу Туркияро таҳким мебахшад. Муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва рӯҳияи шарикӣ дар Ховари Миёна барои ҳамаи мо муҳим аст", - таъкид намудаст президент.
Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳои Исроилу Туркия дар соли 2010 пас аз ғасби киштии Туркия аз сӯи нерӯҳои вижаи исроилӣ дар роҳ ба навори Ғазза бад шудан гирифт.
Моҳи майи соли 2018 Анкара пас аз эътирозҳо дар навори Ғазза дар пасманзари 70-умин солгарди таъсиси Исроил ва интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас аз сафири Исроил дар Туркия даъват кард, кишварро тарк кунад. Он замон дар задухӯрдҳо 59 фаластинӣ кушта, беш аз 2,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда буданд.