https://sputnik.tj/20220817/taghyiroti-kadri-dar-vkd-tojikiston-1050775578.html
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод: якбора ду муовини нави вазирро иваз кард
2022-08-17T16:04+0500
2022-08-17T16:04+0500
2022-08-17T19:52+0500
дар тоҷикистон
вкд
тағйироти кадрӣ
муовини вазир
қарор
эмомалӣ раҳмон
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050775247_0:91:3077:1822_1920x0_80_0_0_c3811834aec0d73eda57a8f93f2289b1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо ду қарори навбатиаш муовинони нави вазири корҳои дохилиро таъйин кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.Тибқи қарори раисҷумҳур Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон Насимзода Акбар Ғиёс ни ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.Дафтари раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот Президенти кишвар аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шудаааст.Вай таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.
https://sputnik.tj/20220817/taghyirot-kadri-joyguzini-nuraliev-bonki-milli-1050775049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050775247_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_37e87c96d6d541b09ce66a2c93c74c12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, та-йироти кадрь, эмомалӣ раҳмон, қарор, ҳукумат, вкд, муовини вазир, таъйин
тоыикистон, та-йироти кадрь, эмомалӣ раҳмон, қарор, ҳукумат, вкд, муовини вазир, таъйин
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон
16:04 17.08.2022 (Навсозишуда: 19:52 17.08.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод: якбора ду муовини вазирро иваз кард
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо ду қарори навбатиаш муовинони нави вазири корҳои дохилиро таъйин кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Тибқи қарори раисҷумҳур Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ҳамчунин бо қарори Эмомалӣ Раҳмон Насимзода Акбар Ғиёс ни ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Дафтари раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот Президенти кишвар аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шудаааст.
Вай таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.