https://sputnik.tj/20220626/himoyat-parlumon-farmon-prezident-kadri-1049515589.html
Ҳимояти парлумон аз фармони президент барои тағйироти кадрӣ
Ҳимояти парлумон аз фармони президент барои тағйироти кадрӣ
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагон аз фармони раисҷумҳури Тоҷикистон барои амалӣ кардани тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллии ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намуд
2022-06-26T13:20+0500
2022-06-26T13:20+0500
2022-06-27T15:24+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
ҷамолиддин нуралиев
маҷлиси намояндагон
барканор
фармон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_9b08f53b2389893110842a786fb0a69f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон аз барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ҳимоят кард. Фармони раисҷумҳур барои барканории Нуралиевро дар парлумон Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қироат карда, далели барканориро гузаштан ба кори дигар гуфт. Аммо дар мавриди ҷои нави кор иттилои бештар дода нашуд. Ҷонибдории парлумон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони мазкурро 10 июн имзо карда, барои тасдиқ ба Маҷлисил намояндагон пешниҳод намуд. Ҷамолиддин Нуралиев дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.
https://sputnik.tj/20220619/qabul-taghyirot-qonun-afv-bonki-milli-1049324053.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/31/1030653124_116:0:2783:2000_1920x0_80_0_0_2a5adad74efe572b62da4118d1703008.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷонибдорӣ, парлумон, тағйирот, кадрӣ, парлумон
ҷонибдорӣ, парлумон, тағйирот, кадрӣ, парлумон
Ҳимояти парлумон аз фармони президент барои тағйироти кадрӣ
13:20 26.06.2022 (Навсозишуда: 15:24 27.06.2022) Маҷлиси намояндагон аз фармони раисҷумҳури Тоҷикистон барои амалӣ кардани тағйироти кадрӣ дар раёсати Бонки миллии ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон аз барканории Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ ҳимоят кард.
Фармони раисҷумҳур барои барканории Нуралиевро дар парлумон Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қироат карда, далели барканориро гузаштан ба кори дигар гуфт. Аммо дар мавриди ҷои нави кор иттилои бештар дода нашуд.
Ҷонибдории парлумон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон фармони мазкурро 10 июн имзо карда, барои тасдиқ ба Маҷлисил намояндагон пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев дар мақоми муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ фаъолият дошт.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Ҷамолиддин Нуралиев солҳои 2010-2015 дар вазифаи муовини якуми вазири молия, солҳои 2007- 2010 дар вазифаи муовини вазири молия кор кардааст.
Қабл аз ин ӯ дар созмонҳои гуногуни молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра фаъолият карда буд.
Аммо вай корро дар низоми молиявӣ аз соли 1999 ба ҳайси иқтисодчии идораи шарҳдиҳӣ ва методологии Бонки миллии Тоҷикистон оғоз карда, то соли 2001 дар ин мақом фаъолият кардааст.