Ид дар зодрӯзи Сино: афроди сахӣ муассисаи тандурустии Суғдро навсозӣ мекунанд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом.
Глава  Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил жителей города Пенджикент, пострадавших в результате взрыва баллона со сжиженным газом. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд барои бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ шахсони саховатманд ва соҳибкоронро ҷалб кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Бо дастгирии мақомоти давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд соли равон сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар паёми шодобошияш ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи тиб хабар додааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 18 август таҷлил мегардад.
Раҷаббой Аҳмадзода мояи ифтихор хонд, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди олими тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, ки осораш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, феълан ҳукумат барои беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Президент дар Хуҷанд ба 45 табибу омӯзгор хона дод
Барои ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо чораҳои муассир андешида мешаванд,, изҳор дошт раис.
Вай зикр намуд, ки маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар 5 соли охир ба андозаи беш аз 225 млн сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят барои ин бахш наздики 600 млн сомонӣ ҷудо гардид.
"Чунин таваҷҷуҳ ва зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бунёди иншооти замонавии соҳа ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрасии бештари аҳолиро ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда боз ҳам беҳтар менамояд", - афзуд ӯ.
Раиси Суғд изҳори боварӣ намуд, ки кормандони муассисаҳои тибби вилоят минбаъд низ сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ тақвият бахшида, баҳри сиҳатии ҳар як сокини диёр ва рушди ҷомеаи солим хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0