https://sputnik.tj/20220817/khalilzod-ghani-tars-firor-taqsimi-qudrat-vujud-1050782892.html
Халилзод: Агар Ғанӣ аз тарс фирор намекард, имкони тақсими қудрат вуҷуд дошт
Халилзод: Агар Ғанӣ аз тарс фирор намекард, имкони тақсими қудрат вуҷуд дошт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи пешини Амрико барои Афғонистон мегӯяд, ки қабл аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ умед барои тақсими қудрат дар кишвар вуҷуд дошт
2022-08-17T22:00+0500
2022-08-17T22:00+0500
2022-08-17T22:00+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
ашраф ғанӣ
фирор
тақсим
қудрат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050782708_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_5aa2f96bb4926b42f07f79d1e301281a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои Афғонистон дар як мусоҳибаи телефонӣ ба Axios мегуяд: "ин бисёр таассуфбор аст, ки мо натавонистем қабл аз вуруди толибон ба як тавофуқи сиёсӣ даст ёбем".Халилзод ба ин расона гуфтааст, ки то 15 августи 2021 умед барои тақсими қудрат буд ва толибон ҳам қабул карда буданд вориди Кобул нашаванд то бо шуморе аз сиёсатмадорони аршад аз ҷумла Ҳомид Карзай дидор кунанд.Оқои Халилзод, ки намояндаи вижаи Доналд Трамп ва Ҷо Байден барои Афғонистон буд, пеш аз ин ҳам гуфта буд, ки тавофуқ шуда буд толибон ворид Кобул нашаванд ва қудрат ба мусолиматомез аз тариқи як луйӣ ҷирга (маҷлиси бузург) мунтақил шавад.Ашраф Ғанӣ пас аз фирор аз Афғонистон муддаи шуд, ки агар дар Кобул мемонад тавассути толибон кушта мешуд. Ӯ пас аз фирор дар паёме дар тавзеҳи тарси худ гуфт, ки ҳатто фурсати пӯшидани кафшро надошт.Оқои Халилзод дар вокуниш ба ин изҳороти Ашраф Ғанӣ гуфта буд, ки агар ӯ воқеан тарсида буд бояд аз Амрико кумак мехост, ки накард.Аз сӯйи дигар Ашраф Ғанӣ, Халилзодро муқассир медонад.Оқои Ғанӣ дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, раванди сулҳро, ки Халилзод мудирият мекард, "фоҷеъа" буд.Раисҷумҳури пешини Афғонистон ҳатто Халилзодро муттаҳам кард, ки бо ваъдаҳои дуруғи худ ақшори сиёсии Афғонистонро пароканд кард.Оқои Халилзод, ки то кунун ба ин изҳорот вокуниш нишон надода буд, дар гуфтугӯ бо расонаҳо изҳороти Ашраф Ғаниро "таассуфбор" хонд ва гуфта ӯ то чӣ ҳад "худандешӣ" кардааст.Намояндаи пешини Амрико барои музокироти сулҳи Афғонистон ҳамчунин иброз таассуф кард, ки "мо натавонистем қабл аз вуруди толибон ба як тавофуқи сиёсӣ даст ёбем".Оқои Халилзод мегуяд, ҳарчанд ҳоло толибон дар қудрат ҳастанд, аммо то замоне, ки ин гуруҳ ба самти як давлати фарогир ҳаракат накунад ба расмият шинохта намешавад ва таҳримҳои байналмилалӣ низ рафъ нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220815/ghani-duzdi-i-millionho-dollar-afghoniston-posukh-1050719010.html
https://sputnik.tj/20220815/qudrat-tolibon-afghoniston-1050724459.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/11/1050782708_0:0:911:683_1920x0_80_0_0_42e29a7763a665ac31d92aa578b83001.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, ашраф ғанӣ, фирор, тақсим, қудрат
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, ашраф ғанӣ, фирор, тақсим, қудрат
Халилзод: Агар Ғанӣ аз тарс фирор намекард, имкони тақсими қудрат вуҷуд дошт
Намояндаи пешини Амрико дар умури Афғонистон мегӯяд, ки қабл аз фирори раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ умед барои тақсими қудрат дар ин кишвар вуҷуд дошт
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои Афғонистон дар як мусоҳибаи телефонӣ ба Axios мегуяд: "ин бисёр таассуфбор аст, ки мо натавонистем қабл аз вуруди толибон ба як тавофуқи сиёсӣ даст ёбем".
Халилзод ба ин расона гуфтааст, ки то 15 августи 2021 умед барои тақсими қудрат буд ва толибон ҳам қабул карда буданд вориди Кобул нашаванд то бо шуморе аз сиёсатмадорони аршад аз ҷумла Ҳомид Карзай дидор кунанд.
Оқои Халилзод, ки намояндаи вижаи Доналд Трамп ва Ҷо Байден барои Афғонистон буд, пеш аз ин ҳам гуфта буд, ки тавофуқ шуда буд толибон ворид Кобул нашаванд ва қудрат ба мусолиматомез аз тариқи як луйӣ ҷирга (маҷлиси бузург) мунтақил шавад.
Ашраф Ғанӣ пас аз фирор аз Афғонистон муддаи шуд, ки агар дар Кобул мемонад тавассути толибон кушта мешуд. Ӯ пас аз фирор дар паёме дар тавзеҳи тарси худ гуфт, ки ҳатто фурсати пӯшидани кафшро надошт.
Оқои Халилзод дар вокуниш ба ин изҳороти Ашраф Ғанӣ гуфта буд, ки агар ӯ воқеан тарсида буд бояд аз Амрико кумак мехост, ки накард.
Аз сӯйи дигар Ашраф Ғанӣ, Халилзодро муқассир медонад.
Оқои Ғанӣ дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, раванди сулҳро, ки Халилзод мудирият мекард, "фоҷеъа" буд.
Раисҷумҳури пешини Афғонистон ҳатто Халилзодро муттаҳам кард, ки бо ваъдаҳои дуруғи худ ақшори сиёсии Афғонистонро пароканд кард.
Оқои Халилзод, ки то кунун ба ин изҳорот вокуниш нишон надода буд, дар гуфтугӯ бо расонаҳо изҳороти Ашраф Ғаниро "таассуфбор" хонд ва гуфта ӯ то чӣ ҳад "худандешӣ" кардааст.
Намояндаи пешини Амрико барои музокироти сулҳи Афғонистон ҳамчунин иброз таассуф кард, ки "мо натавонистем қабл аз вуруди толибон ба як тавофуқи сиёсӣ даст ёбем".
Оқои Халилзод мегуяд, ҳарчанд ҳоло толибон дар қудрат ҳастанд, аммо то замоне, ки ин гуруҳ ба самти як давлати фарогир ҳаракат накунад ба расмият шинохта намешавад ва таҳримҳои байналмилалӣ низ рафъ нахоҳад шуд.