https://sputnik.tj/20220816/uft-rubl-dollar-evro-qurb-asor-tojikiston-1050740033.html
Уфти рублу евро ва болоравии доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
Уфти рублу евро ва болоравии доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ давоми як рӯз дар Тоҷикистон нисбат ба арзи миллӣ як сомонӣ коҳиш ёфтааст, аммо дар баробари ин қимати доллару евро каме боло рафтааст
2022-08-16T09:05+0500
2022-08-16T09:05+0500
2022-08-16T10:21+0500
қурби асъор
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:156:3077:1887_1920x0_80_0_0_e63b46bd6534421e97c1e961edd9e909.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 163,5 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 164,5 сомонӣ арзиш дошт.Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба беҳбуд дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2569 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2591 муқаррар шудааст.Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4704 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.6144 сомонӣ муқаррар шуда буд.Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 163,5 ва дар фурӯш 166 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" низ бо цимати монанд ба "Эсхата" харидуфурӯш мекунад.Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 163,5 ва ҳангоми фурӯш 166 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20220808/kreml-dollar-mavqea-asori-zakhiravi-1050572866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048690112_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_87b4fef1499144276f3a5d9dd30e282c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
уфт рубл доллар қурб асъор тоҷикистон
уфт рубл доллар қурб асъор тоҷикистон
Уфти рублу евро ва болоравии доллар: қурби асъор дар Тоҷикистон
09:05 16.08.2022 (Навсозишуда: 10:21 16.08.2022) Қурби рубли русӣ давоми як рӯз дар Тоҷикистон нисбат ба арзи миллӣ як сомонӣ коҳиш ёфтааст, аммо дар баробари ин қимати доллару евро каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 163,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 164,5 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ бошад, рӯ ба беҳбуд дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2569 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2591 муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4704 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.6144 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 163,5 ва дар фурӯш 166 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" низ бо цимати монанд ба "Эсхата" харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 163,5 ва ҳангоми фурӯш 166 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.