Таркиши мудҳиши мошини нафтбар дар Варзоб як куштаву ду захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСотрудник МЧС во время учений
Сотрудник МЧС во время учений  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Дар даромадгоҳи Душанбе аз самти ноҳияи Варзоб ҳодисаи изтирорӣ рух дод, ки бар асари он як нафар ҳалок ва ду тан шадидан захмӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон таркиши шадиди мошини сӯзишворӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар рустои Чорбеди ноҳияи И.Сомонии Душанбе ва ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сабабҳои номаълум оташ гирифт.
Илова бар ин, сӯхтор ба зудӣ ба бинои ҳамсоя, аз ҷумла ошхона доман паҳн карда, онро пурра ба доми худ кашид.
Пожарные во время тушения пожара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Раҳимзода: Хисороти 472 сӯхтор беш аз 14 миллион сомониро ташкил дод
Бар асари сӯхтори мошини нафтбар як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.
Дар мавриди ҳуввияти марҳум маълум шуд, ки ӯ як сокини 28-солаи шаҳри Душанбе будааст. Яке аз афроди бистарӣшуда сокини 42-солаи деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ва дигаре марди 45-солаи сокини деҳаи Ҳисори Ваҳдат мебошанд.
Яке аз зарардидагон 92%-и баданаш сӯхта, вазъи ӯ ниҳоят вазнин арзёбӣ мешавад. Дуюмӣ 44% сӯхтааст.
Тафтишот оғоз шуда, ҳоло мақомоти интизомӣ сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунанд.
Ҳанӯз ҳаҷми хисороти воридшуда ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва ошхона эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0